Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

5 Гурӯҳҳои Вобастагии манфиатҳои гурӯҳҳои асосии одамон, ки ба фаҳавас- ъолият таъсир мерасонанд: соҳибмулкҷон, ҳамкорон, хариманд дорон, таҳвилгарон, шарикони рушд, сохторҳои ҳукуматӣ,
ташкилотҳои маҳаллӣ ва ҷомеа

6 Асос ба- Нишон додани арзишҳои махсуси маҳсулот барои истеърои қоби- молкунандагон ва ишора ба таносуби сифату фоиданолияти кии маҳсулот, фарқият ва арзиши он аз дигар маҳсулоти рақобат- монанд, инчунин «фаъолони» ламсшаванда ва ламснанокӣ шаванда: технологияҳои худӣ, салоҳияти махсус; низоми арзишҳо, сарчашмаи эътимод ва кафолати маҳсулоту хизматрасонии пешниҳодшударо дар бар мегирад.

Пайдарпайӣ ва мундариҷаи ҷузъҳои миссия метавонанд вобаста ба таъйиноти соҳавӣ, мавқеъ дар бозор, рафтори рақибон, муносибати истеъмолкунандагон ва ғайра тағйир ёбад. Дар баробари ин, тавсияти миссия бояд таърих, имиҷи ташкилот, шуҳратмандӣ ва интизориҳои истеъмолкунандагонро баробар мувофиқат ва инъикос намояд. То нишон додани «ваъдаҳои» худ ба истеъмолкунандагон субъектҳои иқтисодӣ ба қувва ва захираҳо баҳодиҳӣ намоянд. Ба ҳусуматҳо нигоҳ накарда, нишонҳои стратегии пешниҳодшуда бояд дурандешона ва имконпазир бошанд.

Ифодаи «дар бозор пешсаф шудан» дар худ дастурҳои мушаххасро нисбати чӣ гуна фоида ба даст овардани мизоҷон ва шарикони рушдро, ки ташкилот барои онҳо ва ба хотири онҳо фаъолият мекунад, инъикос месозад. «Истеъмолкунандагон он ширкатҳоеро интихоб менамоянд, ки манфиати бештарро пешниҳод намоянд». Ҳамин тавр, ширкати Marks&Spencer-ро, бо бартариҳои махсуси худ, ки он аз рақибонаш ба куллӣ фарқ мекунад, эътимоднок ва мураттаб меҳисобанд ва ширкати Volvo-ро бо бехатарии автомобилҳояш мешиносанд.

Дар асоси тавсифҳои нишондодашуда ва мухтасари фаъолияти ташкилот варианти ибтидоии таҳия карда мешавад, ки тавассути он камбудиҳои ҷойдошта бартараф мегарданд. Аз ин лиҳоз, мукаммалгардонии ифода то пурра ва боварибахш гардидани он зарур аст. Дар ифода аз калимаҳои дабдабанок, ваъдаҳои «уҳдадории мо» ва ё «вазифаи аввалиндараҷаи мо»
бояд худдорӣ намуд.

пешина
аз 469
навбатӣ