Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

КОРПОРАТИВИ ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. Он ҷаҳонбинии ширкат (нишонаҳои стратегӣ) ва ақидаву нигоҳи асосӣ (самтҳои тактикӣ)-ро инъикос менамояд. Ақида ба саволи зерин ҷавоб мегӯяд: «Ташкилот барои чӣ кӯшиш мекунад?». Асосан дар ин ҳолат таъкид ба фалсафа, низоми арзишҳо, асоси қобилияти рақобатӣ, маданияти дохилии муассиса равона мегардад.

Ба сифати мисоли миссияи ширкати КПМГ-ро дида мебароем:
КПМГ ин ширкати байналмилалии касбии машваратӣ буда, барои татбиқи донишҳо ба фоидаи воқеии муштариёни худ, кормандон ва давлати дар он фаъолияткунанда кӯшиш мекунад.

Тасвири ширкат аз омилҳои «байналмилалӣ» ва «касбӣ» ташаккул меёбад. Дар ифодаи соҳаи фаъолият «ширкати машваратӣ», гурӯҳҳои асосии ҳавасманд – «мизоҷҳо ва кормандон», ҷойгиршавии ҷуғрофии фаъолият – «давлате, ки дар он фаъолият мекунанд» аниқ нишон дода мешаванд. Ақида асоси қобилияти рақобатнокӣ – «татбиқи дониш ба фоидаи ҳақиқӣ» ва консепсияи дохилӣ – «кӯшиш ба чизе»-ро таҷАССУМ менамояд. Ҳамин тавр, аз мафҳум маълум аст, ки: «Ин чӣ гуна ташкилот аст?» ва «Барои чӣ кӯшиш менамояд?».

Аз ҷамъбасти суханҳои дар боло зикргардида ҷузъҳои асосии миссияи муассисаро ҷудо ва тасвир кардан мумкин аст, ки дар ҷадвали 10.1 оварда шудаанд.

Ҷадвали 10.1. Ҷузъҳои асосии миссияи муассиса ва тавсифи онҳо.

№ Ҷузъҳо Тавсиф 1 Номгӯй Нишон додани номгӯй дар ифодаи миссия барои ҷудокунӣ, ташхис ва фарқияти дигар субъектҳо, инчунин масъулияти муайяни роҳбарият ва ҳайати кормандони ташкилот барои иҷрои «ваъдаҳо»-и ба истеъмолкунандагон додашуда зарур аст.
2 Вазъият Нишон додани вазъияти тавсифи тавсиякунӣ, ки далели тахминӣ ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқии моликиятро дорад.
3 Мол ва ё хизматрасонӣ Тавсифи мол ва шакли хизматрасониҳои асосии дар бозор пешниҳодшударо баён месозад, ки барои муайян намудани аудиторияи мақсаднок ва сегментасияи бозор доир ба намуди молҳои ба фурӯш пешниҳодшуда ва хизматрасониҳои иҷрошаванда имконият медиҳад.
4 Нишони стратегӣ Нишон додани тавсифи фарқкунандаи мол барои мавқеъгирӣ, ки истеъмолкунанда бартариҳои ҳозира ва иқтидории маҳсулотро бо назардошти эҳтиёҷоти пешомад ва нишонаҳои стратегӣ, даромадҳои махсуси воқеӣ аниқ мекунад, равона гардидааст.

пешина
аз 469
навбатӣ