Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
«Мушоҳидаи» бизнес ин тасвири ояндаи ширкат, модели беихтиёри он мебошад, ки таркиби зерин дорад:
• арзишҳои асосӣ ин принсипҳои «абадӣ» ва тағйирнопазири ташкилот мебошанд. Дар ширкати Procter and Gambel ба ҳисоби арзишҳои меҳварӣ ташкили арзишҳо барои харидорон, дастовардҳои техникӣ, навовариҳо ва таҳияи брендҳои пурзӯр дохил мешаванд;
• самтҳои асосии рушд - вобаста ба он ширкат худро ҳамчун истеҳ- солкунандаи масъул дар саноати нафт, газ, кимиё, инчунин дар ҷустуҷӯ ва коркарди сарчашмаҳои алтернативии энергия мебинад (консерн Shell);
• мақсадҳои стратегӣ – мақсади ҳавобаландонаи калон, ки дар назди ширкат меистад, кӯшишҳо барои пешрафт ва моҳияти ғалабаро дар байни истеҳсолкунандагон инъикос намуда, онҳоро ҳавасманд мекунанд (Toyota).
Мушоҳидаи бизнес се тағйирёбанда дорад:
• мушоҳидаи стратегӣ роҳҳои дарозмуддати рушди ширкатро муайян мекунад;
• мушоҳидаи серҳаракатӣ, дар интизории ивазшавии концепсияи стра- тегии бизнес;
• мушоҳидаи стратегӣ, яъне бо ҳаракатҳои зуди стратегӣ имкони- яти гирифтани даромади зиёд, ки ба самтҳои асосии рушд мухолифат намекунанд.
Ҳангоми ташаккули миссия на танҳо самтнокии берунаро ба ино- бат гирифтан зарур аст, балки ба самтҳои дохилӣ низ бояд аҳамият дод. Миссияи хуб ташкилшуда дастовардҳои мавҷударо инъикос мекунад ва кӯшишҳои ояндаи ташкилотро ифода мекунанд, ки дар муҳити беруна дар нақши сифат ва эътимодият онро аз дигарон беҳтар мекунанд. Яке аз формулаҳои нисбатан аниқро Х. Виссем пешниҳод менамояд:
«Миссияи ширкат = ТАСВИР + АҚИДА»
Вобаста ба ифода, миссия пайвасткунии тасвири ширкат ва ақидаи онро нишон медиҳад.
«Тасвир» дар тасаввуроти атроф барои ташаккули шакли ширкат ра- вона шудааст. Асоси он чунин таркиб дорад: шуҳрати ширкат дар бозор (дастовардҳои ҷорӣ) ва намуди зоҳирӣ, ки ширкат барои муҳити беруна таъмин кардан мехоҳад (кӯшишҳои оянда). Таъйиноти асосии тасвир дар ҷавоб ба саволи: «Ин чӣ гуна ташкилот аст?» иборат аст. Дар ин ҷо, чун қоида, мафҳумҳои зерин тавсир карда мешаванд: соҳаи фаъолияти ширкат, мол ва хизматрасониҳои асосӣ, аудиторияи мақсаднок, гурӯҳҳои истеъмолӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофии фаъолият.
«Ақида» ба ширкат яхлухтии дохилӣ бахшида, баланд бардоштани ҳавасмандии кормандонро барои ноил шудан ба мақсадҳои умумикор-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо