Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

масалан IBM нишон медиҳад, ки миссия - мақсади асосии фаъолияти ширкат буда, аксаран барои сохторҳои технологӣ, асосҳои молиявӣ ва ташкилӣ муҳимтаранд.

Дар дархости миссияи ширкати Marriott Hotels, ки бо бизнеси меҳмонхона машғул аст, нишон дода шудааст: «Таъйиноти Marriott Hotels
— пешниҳоди хизматҳо доир ба ҷойгиркунӣ ва хизматрасонӣ бо мақсади ташкили ҳамкории устувор, дарозмуддат ва фоидаовар ба мизоҷон, ҳамкорон, соҳибмулкон, саҳмдорон ва ҷомеа мебошад.

Аз мундариҷа маълум аст, ки миссия барномаи аниқе мебошад, ки аз муҳлат, захира ва иҷрокунанда вобастагӣ надорад. Он ба субъектҳои муҳити беруна тасаввуроти умумиро дар бораи моҳияти ташкилот, кӯшишҳои он ва ташаккули ягонагии дохилӣ пешниҳод менамояд. Бо ташаккули нишонаҳои стратегӣ дар шакли миссия ташкилот мақсад ва самти рушди худро на танҳо ба ҷомеа, балки ба ҳайати кормандон имконияти дарки муайян ва аҳамияти асосии амалиёти ҷории худро аз нуқтаи назари ояндабинӣ мерасонад. Бо далелҳои дигар, ташаккули миссия воситаи робита буда, ба ҷомеа дар бораи арзишҳои субъектҳои иқтисодии мавҷуда маълумот ва тасаввурот пешниҳод менамояд.

Ширкатҳо ва ташкилотҳои аврупоӣ ва бахусус амрикоӣ, ки байни ҳамдигар барои харидорони қудратманд ва таҳкими муносибатҳои хайрхоҳонаи ҷомеа ба онҳо рақобат мекунанд, кӯшиш менамоянд, ки ниҳоят шаффоф бошанд. Бинобар ин, миссия ба онҳо барои ошкор намудани сифати мол ва хизматрасониҳо, тақвияти муносибати худ ба ҷомеа, муҳити атроф, муносибат бо шарикони рушд имконият медиҳад.

Дар давлати мо бо сохтори пешинаи иқтисодӣ, бинобар пурра набудани чунин талабот бо сабабҳои маълум, ташкилот миссияи худро муайян карда наметавонист. Бо тағийрбии шартҳои хоҷагидорӣ, ба субъектҳои иқтисодӣ зарурати муқаррар намудани усули дар бораи худ ба доираи васеи шарикон ва истеъмолкунандагони молу хизматрасониҳо маълумотдиҳӣ пайдо гардид. Ин давраро батафсил дида мебароем.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ташаккули миссия доир ба мақсадҳои воқеии ташкилот ба фикр кардан водор месозад ва ин восита, пеш аз ҳама, бояд таваҷҷуҳи роҳбариятро ҷалб кунад. Мутахассисон иброз медоранд, ки раванди ташаккули «чавҳар»-и субъекти иқтисодӣ менеҷментро барои таҳлили тарафҳои пурқувват ва заиф, муайянкунии имконият ва таҳдид, баланд бардоштани асоснокии қарорҳои стратегӣ ва самаранокии умумии фаъолият машғул месозад.

пешина
аз 469
навбатӣ