Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
тавр, принсипи натиҷаи татбиқи стратегия, яъне ноил шудан ба мақсади гузошташуда нигоҳ дошта мешавад. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ гоҳ тарзи алтернативӣ пешниҳодшуда бояд ба самти ноил шудан ба мақсади ягона равона карда нашавад. Стратегияҳои алтернативӣ ба пуррагӣ бояд пешниҳод шаванд, ки ба мисли ҳолати Hewlett-Packard иҷрои ҳар кадоме аз онҳо барои муқаррар намудани якчанд мақсадҳо оварда мерасонанд.
10.2. ФАЛСАФАИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
Марҳилаи дуюми таҳияи стратегияи ташкилот аз муайян намудани нишонаҳои асосии фаъолият, яъне фалсафаи он оғоз меёбад. Фалсафаи ташкилот асоси ташаккулёбии стратегияи он мебошад.
Фалсафаи ташкилот ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:
• мақсади асосӣ, дар миссия ва мақсадҳои ташкилот, самтнокии стратегияи он инъикос мегардад;
• тасвир намудани ташкилот таърих, мушаххасот, имкониятҳову бартариҳо, мақсадҳои стратегӣ ва усулҳои татбиқи онҳо дар шароити муосир, сабабҳои фаъолият, шиори ташкилотро дар бар мегирад;
• завқи фармоишгарон гурӯҳҳои мақсаднок, завқи онҳо, сиёсати маркетингро ифода менамояд;
• сиёсати дохилии ширкат аз асосҳои идоракунии ташкилот, низоми ахборотию робитавӣ, низоми пардохти меҳнат, роҳҳои баланд бардоштани тахассуси кормандон, сиёсати навоварӣ ва иҷтимоӣ, маданияти ташкилотчигӣ ва риояи ахлоқи (этика) менеҷмент иборат аст;
• алоқа бо шарикони рушд сиёсати маблағгузорӣ ва молиявӣ, паст намудани сатҳи хавф, тақсимоти даромадро инъикос менамояд;
• муносибат бо ташкилотҳои дигар иҷро кардани уҳдадориҳо, таъмини устуворӣ дар кор, муҳофизати муҳити атроф, сармоягузорӣ барои рушди минтақаро дар бар мегирад.
Фалсафаи соҳибкорӣ дар мутаносибӣ бо ақидаҳои далелнок супоришоти миссия, мақсад ва самтҳои асосии рушди ташкилотро муайян мекунанд.
Ташаккули миссияи ташкилот
Нуқтаи ибтидоии раванди идоракунии стратегӣ ташаккули миссияи ташкилот мебошад. Миссия (mission) - мақсади олии ташкилот, ба монандӣ сохтори қобилияти рақобатнокдошта дар шакли умумӣ ва инъикоси аниқи сабаби асосии мавҷудияти ширкат пешниҳод мегардад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ зери мафҳуми миссия дар шакли умум самтнокии асосии аниқ зоҳир шуда, ба самтҳои асосӣ равон гардидани стратегияи ташкилот фаҳмида мешавад. Миссия нишонаҳои стратегиро муайян намуда, самтҳои тактикии онро нишон медиҳад. Таҷрибаи корпорасияҳои тараққикарда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо