Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Мақсадҳои умумиро, ки вазифаҳои аниқ дошта, ба самти фаъолияти ташкилот равона шудаанд, тағйир додан зарур аст. Барои татбиқи вазифаҳое, ки хусусиятҳои гуногун доранд, таҳияи стратегияи маҷмӯии ташкилот зарур аст, ки усулҳои комёбшавӣ ва мақсадҳоро муайян мекунад. Дар ин ҷо баҳогузории тамоми фаъолияти хоҷагидориро бо мақсади қабули қарорҳо барои маблағгузорӣ (маблағгузорӣ барои ояндаи лоиҳа) ва рад кардани истеҳсолоти ғайрисамаранок гузаронидан зарур аст. Дар ин замина, мо ба муҳокимаи қадами дигар дар раванди коркарди муносибат-банақшагирии стратегӣ расидем.
Яке аз воситаҳои маъмули таҳлили маҷмӯӣ SWOT-таҳлил ба шумор меравад. SWOT-таҳлил таҳдид ва имкониятҳои муҳити беруна, тарафҳои пуркувват ва заифи ташкилотро муайян мекунад; муқарраркунии мувофиқи мақсадҳо аз натиҷаҳои таҳлили мазкур, яъне мақсадҳои ташкилот бояд истифодаи имкониятҳо ва бартарафкунии таҳдидҳои муҳити беруна, инчунин нигоҳдории тарафҳои пуркуввату барҳамдиҳии тарафҳои заифи ташкилотро дар бар гирад. Вобаста ба ин стратегияи генералӣ бояд аз чор самти фаъолият иборат бошад:
-
Стратегияи истифодаи имкониятҳои муҳити беруна: агар барои ташкилот имкониятҳои иқтидорӣ кушода шуда бошанд, пас нақшаи татбиқи онҳоро мебояд таҳия намуд, дар акси ҳол, ин имкониятҳо аз ҷониби рақибон татбиқ мегарданд ва барои ташкилот ба омили таҳдид мубаддал мегарданд;
-
Стратегияи бартарафкунии таҳдидҳои муҳити беруна: ҳангоми ба таҳдидҳои беруна, коркард ва татбиқи нақшаи бартарафкунии онҳо диққати зарурӣ додан, ташкилот метавонад онҳоро ба имкониятҳои иқтидорӣ табдил дода, мавқеи худро устувор гардонад ва ба ҳодисаҳои ногаҳонии муҳити беруна омода шавад;
-
Стратегияи нигоҳдорӣ, мустаҳкамкунӣ ва истифодаи тарафҳои пуркуввати ташкилот: агар ташкилот тарафҳои пуркувват дошта бо-шад, пас вай бояд онҳоро на танҳо нигоҳ дорад, балки истифода барад. Танҳо ҳамин истифода аз тарафҳои пуркувват барои ташкилот арзиш пайдо мекунад. Агар қувваҳои худро ба манфиати худ истифода накунӣ, онҳо ба заифӣ мубаддал мегарданд;
-
Стратегияи барҳамдиҳии тарафҳои заиф: агар тарафҳои заиф ба инобат гирифта нашаванд, онҳо монандӣ яроқи сустамалкунанда буда, ногаҳон дар лаҳзаи номуносиб барои ташкилот таркиданаш мумкин, ки тамоми натиҷаҳои фаъолиятро барбод медиҳанд.
Аз ин бармеояд, ки дар ташкилот на як стратегия, балки чор стратегия зарур аст, бояд стратегияҳои алтернативӣ барои ноил шудан ба як мақсади умумии алоҳида гирифташуда таҳия карда шаванд. Ҳамин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо