Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
Exxon Таъмин барои амнияти маблағгузорӣ ва даромадҳои афзуншавандаи саҳмдорони худ.
Alcan Aluminum Бо хароҷоти пасттарин истеҳсолкунандаи алюминий шудан ва баланд бардоштани нишондиҳандаи миёнаи даромаднокии саҳмияҳои ташкилотҳои саноатии StandardandPoor.
Nations Bank Ташкили ширкати № 1 доир ба хизматрасониҳои молиявӣ дар ИМА.
Лукойл
Афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва идоракунии маҷмӯии самараноки ширкат
Rubbermaid Зиёдкунии ҳаҷми солонаи фурӯш аз 1 млрд. доллари ИМА то 2 млрд доллари ИМА дар давоми 5 сол; Ҳангоми сифати баландтарини маҳсулот барои хоҷагиҳои оилавии доштани хароҷоти пасттарин дар байни ҳама соҳаҳои истеҳсолот; Комёб шудан ба сатҳи афзоиши миёнаи солона ба 15% нисбат ба фурӯш, даромад ва фоидаи саҳмияҳо.
McCornick & Company Комёб шудан ба сатҳи 20% даромаднокӣ аз саҳмияҳо; Афзоиши софи солонаи фурӯшро то ба 10% расонидан; Нигоҳдории сатҳи миёнаи солонаи афзоиши даромаднокии саҳмияҳо то ба 15%; Нигоҳдории нишондиҳандаи «қарздории умумӣ аз сармоя» дар сатҳи 40% ва ё пасттар; Ҷудо кардани 25-30% даромади соф барои пардохти дивидендҳо.
Chevron Дар бозгашти сармояи умумӣ байни рақибон аввалин будан.
Низоми нақшаҳои ташкилот шакли махсуси таҷАССумкунандаи фаъолияти нақшавӣ буда, ҳамчун таҳияи нақшаҳо асосноккунонии техникию иқтисодиро талаб мекунанд.
Дар адабиёт тарҳи нақшаҳои гуногун вомехӯранд, ки ба ташкилотҳо барои коркард тавсия карда мешаванд. Низоми нақшаҳои муносиб ба мавқеи маҷмӯии алгоритми пешниҳод карда мешавад. Дар нақша (ниг. расми 10.4) чор гурӯҳи робитаи мутақобилдоштаи нақшаҳо нишон дода шудааст:
- Нақшаи заминавии стратегӣ самтҳои асосии фаъолияти ташкилотро таҷссум намуда, стратегияи корпоративии дарозмуддатро барои оянда дар бар мегирад. Вобаста аз шартҳои амалиёти ташкилот ин нақша ба давраи аз 3 то 5 (10) сол таҳия мешавад ва ба дигар нақшаҳо ба сифати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо