Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Дар марҳилаи фаъолияти худ Starbucks ба системаи қаҳвахонаҳои бузург табдил ёфт. Ширкати мазкур дар миқёси байнамилалӣ қаҳвахонаҳои зиёдро ташкил намуд.
Тайи солҳои охир марҳилаҳои бобарор барои ширкати мазкур ба ҳисоб мераванд. Дар ибтидои соли 2007 ширкати мазкур пешсаф буд ва ҳар як саҳмияи он 35 доллари ИМА арзиш дошт. Аммо дар соли 2008 бо зиёд гардидани бизнес дар соҳаи қаҳвахонаҳо фаъолияти ширкати мазкур то андозае паст рафта, дар охири сол бошад, таназзули ширкат ба амал омад. Дар ин маврид дар биржаи фондӣ арзиши саҳмияи он ба 10 доллари ИМА баробар шуд. Якчанд мағозаҳои ширкат баста шуданд.
Саҳмиядорони ширкатро саволе нигарон карда буд, ки оё ширкат метавонад мақом ва мартабаи пешинай худро барқарор созад. Говард Шулс ташкилкунандаи ширкат барои наҷоти ширкат кӯшиш намуда, роҳбарии онро ба уҳда гирифт.
Шулс тавонист, ки ширкатро ба комёбиҳо ноил гардонад ва арзиши саҳмияи он ба 35 доллари ИМА баробар гардид. Шулс натиҷаҳои фаъолиятро хулосабарорӣ карда, қайд намуд, ки тайи се сол ширкат ба нуфузи пешинай худ баргашт ва ҳолати молиявии он хубтар гардид.
Ҳақиқатан, аз таърихи Starbucks чунин масъалаҳои муҳим бармеоянд:
-
Чӣ тавр минбаъд фаъолияти Starbucks-ро беҳтар намуд?
-
Шулс то чанд муддати дигар метавонист директори генералии ширкат бошад?
-
Вориси эҳтимолии Шулс роҳи соҳибкории ӯ ва ё ки стратегияи Starbucks-ро, ки ба вазифаи ӯ такя мекард, нигоҳ дошта метавонад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо