Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданМАВЗӮИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
қаноатмандии мизоҷон, ҳиссаи маҳсулоти нав дар сандуқи маҳсулот ва ҳиссаи хароҷот барои омӯзиши кормандон.
9. Таҳлили стратегии хароҷот дар худ муқоисаи хароҷотро бо рақибони асосии худ аз рӯи занҷираи арзишҳо таҷАССУМ менамояд. Ҳар қадаре ки хароҷоти ширкат нисбати хароҷоти рақибон зиёд бошанд, мавқеи он дар бозор нисбатан пасттар мешавад.
9.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
- Таҳлили муҳити дохилӣ чиро дар бар мегирад ва аз рӯи кадом нақша гузаронида мешавад?
- Омилҳои асосии муҳити дохилии ташкилотро номбар кунед ва чӣ гуна онҳо гурӯҳбандӣ мешаванд? Структураи муҳити берунаи ташкилот чӣ тавр ташаккул меёбад?
- Мантиқ ва таҳлили зина ба зинаи мавқеи ташкилот дар соҳа дар чӣ инъикос меёбад? Кадом усул ва василаҳои менеҷменти стратегӣ ҳангоми гузаронидани таҳлили мавқеи ширкат дар соҳа истифода мешаванд?
- Дар доираи таҳлили муҳити дохилӣ ҳелҳои асосии стратегии тиҷоратро номбар кунед?
- Таҳлили маданияти ташкилотчигӣ барои чӣ гузаронида мешавад ва арзишҳои маданияти ташкилотчигии ширкатҳои пешсаф кадомҳоянд?
- Таҳлили захиравии ташкилот чӣ гуна ва кадом усулҳои баҳогузории иқтидори захиравӣ гузаронида мешаванд?
- Аз рӯи кадом омилҳо баҳодиҳии ҳолати молиявӣ гузаронида мешавад? Навъҳои устувории молиявии ташкилотро номбар намоед.
- Тафсилоти иқтидори стратегии ташкилотро тасвир намоед. Усулҳои баҳодиҳии иқтидори стратегиро номбар кунед.
- Таҳлили стратегии хароҷот дар доираи занҷираи азишҳо чӣ тавр гузаронида мешавад?
- Кадом навъ ва шаклҳои фаъолият дар доираи ташаккули арзишҳо баррасӣ мешаванд? Ҷузъҳои системаи ташаккули арзишҳои соҳаро номбар кунед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо