Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Салоҳияти ташкилот қисми муҳими муҳити дохилӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми салоҳиятро муайян намуда, Г. Хэмел ва К. Прахалад қайд намудаанд, ки ин маҷмӯи малакаҳо ва технологияи ба ҳам алоқаманд аст, ки ба се шарти асосӣ ҷавобгӯ мебошад: саҳми калон гузоштан дар арзишҳои истеъмолкунандагон, имконияти истифодаи он барои истеҳсоли молҳои нав ва хизматрасониҳои салоҳиятноке, ки имкониятҳои стратегии ташкилотро нишон медиҳанд. Се шакли салоҳияти асосиро қайд менамоянд: ба бозор алоқаманд, зуд ва боваринок иҷро намудани вазифаҳо, нисбат ба рақибон инкишофёбанда будан ва истеҳсоли маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ, ки рақибон онро истеҳсол накунанд.

  2. Маданияти ташкилотчӣ — ин маҷмӯи арзишҳо, боварӣ ҳосил намудан, муносибатҳои марбут ба ҳамаи кормандони ташкилот мебошад, ки меъёр ва рафтори онҳо муҳити равониро муайян менамоянд.
    Таҳлили маданияти ташкилотчӣ омӯзиши равандҳои асосии меъёри рафтор, анъанаҳо, шахсони намоён ва муносибати кормандонро ба ин омилҳо роҳандозӣ менамояд.

  3. Зери мафҳуми ҳолати молиявӣ имконияти маблағгузории ташкилот барои фаъолияти худ фаҳмида мешавад. Барои ҳолати молиявӣ таъмини захираҳои молиявии зарурӣ ҷиҳати фаъолияти муътадили ташкилот, истифодаи самараноки маблағҳо, алоқаҳои молиявӣ бо шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтпазирӣ ва устувории молиявӣ хос аст. Мақсади асосии ин таҳлил аз бартараф намудани камбудиҳои молиявӣ ва дарёфти роҳҳои беҳтарсозии ҳолати молиявии ташкилот ва пардохтпазирии он иборат мебошад.

  4. Ҳолати молиявӣ метавонад устувор, ноустувор ва буҳронӣ бошад.
    Имконияти сари вақт маблағгузорӣ намудани фаъолияти худ, пардохти саривақтӣ аз ҳолати устувори молиявии ташкилот дарак медиҳад.

  5. Таҳлили имкониятҳои бозоргонии ширкат ба ҳисоб гирифтани омилҳои зеринро дар бар мегирад: системаи тадқиқотҳои маркетингӣ ва ахбороти маркетингӣ, баҳодиҳии муҳити маркетинг, таҳлили бозори истеъмолкунандагони алоҳида, таҳлили бозоре, ки ширкат дар он фаъолият менамояд. Бо ёрии матритсаи Ансофф имконияти дарёфт намудани бозорҳои нав, фаъолияти амиқтар дар бозор, васеъ намудани сарҳадҳои бозор, коркарди маҳсулот ва диверсификатсия ба миён меояд.

  6. Иқтидори стратегӣ ин ташкили чорабиниҳо ва омодагии ташкилот барои иҷрои мақсад ва вазифаҳои худ мебошад. Таҳлили иқтидори
    стратегии ташкилот дар сатҳи қисматҳои дохилии муҳити тиҷорат
    гузаронида мешавад. Барои баҳодиҳии иқтидори стратегии ташкилот
    омилҳои ғайримустақим ва тағйироти он истифода мешаванд: индекси

пешина
аз 469
навбатӣ