Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ

қаноатмандии харидор таъсир мерасонанд, барои ин занҷираи арзишҳои системаи тақсимот (дистрибютерҳо)-ро бояд ба инобат гирифт. Инчунин ширкат метавонад бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии худ, амалҳоеро иҷро намояд, ки ба занҷираи арзишҳои харидорон таъсири мусбат мерасонанд (арзиши молро барои харидор баланд менамоянд).

Расми 9.10. Системаи занҷираи арзишҳо

Ҳамин тариқ, занҷираи арзишҳои ширкат барои муайян намудани шаклҳои асосии фаъолият, ки арзиши молро барои харидорон таъмин месозад ва ба ташкили навъҳои кумакрасони дигари фаъолият имконият фароҳам меорад. Занҷираи арзишҳо баҳодиҳии алоқаҳо байни хелҳои фаъолияти дохилӣ ва берунаи ширкатро роҳандозӣ менамояд, ки ин омил барои коркарди стратегия ва рушди бартариҳои мавҷудаи ширкат муҳим аст.

9.4. ХУЛОСАҲОИ МУҲТАСАР

  1. Муҳити дохилии ташкилот ин қисми муҳити умумиест, ки дар ҳудуди ташкилот мавҷуд буда, барои фаъолияти самараноки он, аз ҷумла маркетинг, истеҳсолот, молия, кадрҳо, таҳқиқот ва рушди ташкилот таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳити дохилӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: ҷонибҳои пуркувват ва заифи ташкилот, имкониятҳои рақобатпазирии он; фалсафаи бизнес ва принсипҳои рафтори роҳбари ташкилот; арзишҳо бо дарназардошти маданияти корпоративӣ.

  2. Таҳлили захираи иқтидори ташкилот ба баҳодиҳии захираҳо дар вобастагӣ бо арзишҳои бартариҳои рақобатнок равона гардидаанд. Ҷ. Коллиз ва С. Монтгомери барои санҷиши арзиши захираҳо панҷ тести берунаи бозор барои имконияти тақлид накардан, таъмини марҳилаи дарозмуддати бартариҳои рақобатнок, имконияти тасарруф, имконияти иваз намудани захираҳо ва бартариҳои рақобатнокро истифода намуданд.

пешина
аз 469
навбатӣ