Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
М. Портер мафҳуми «арзиши мол» ва «занҷираи арзишҳо»-ро роҳандозӣ намуд. Арзиши мол, ба ақидаи Портер, ин ҷамъи арзишеҳанд, ки харидорон барои мол ва хизматрасониҳо пардохт менамоянд. Мафҳуми анъанавии арзиш ҳамчун хароҷоти зарурии ҷамъиятии сарфи меҳнат барои истеҳсоли мол дар ин ҳолат вуҷуд надорад.
«Занҷираи арзишҳо» оид ба фаъолияти стратегии ташкилот маълумот дода, барои назорати ҷараёни ташкили арзишҳо имконият медиҳад. Ин занҷира дар ду шакл ҷудо мешавад;
• Шакли асосӣ, ки ба истеҳсоли мол, фурӯши он ва хизматрасониҳои баъдифурӯш вобаста мебошад;
• Шакли иловагӣ, ки ҷараёнҳои асосиро таъмин месозад.
Ҳар як навъи фаъолият метавонад барои паст намудани хароҷот ва ташкили замина барои тафриқаи маҳсулот ва хизматрасониҳо мусоидат намояд. Барои ноил гардидан ба бартариҳои рақобат, «занҷираи арзишҳо» ҳамчун системи фаъолият бо махсусиятҳои хоси алоқаи он хизмат мерасонад. Алоқаи дохилии занҷира барои амалҳои мутақобилаи намудҳои алоҳидаи фаъолият таъсир расонида, барои самаранокии онҳо мусоидат менамоянд. Аз ин лиҳоз онҳо ҳамчун сарчашмаи иловагии бартариҳои ташкилот ба ҳисоб мераванд.
Занҷираи арзишҳо, инчунин васила барои фаҳмиши сохтори хароҷоти ширкат, равандҳои пастравӣ ва болоравии он дар вобастагӣ ба фаъолияти ширкат мебошад. Тамоми корҳое, ки ширкат барои паст намудани хароҷоти интиқолдиҳандагон ё самаранокии фаъолияти онҳо амалӣ менамояд, барои баланд бардоштани рақобатпазирии ширкат сабаб мешаванд. Бо сабаби он ки хароҷот ва даромадҳои ширкат бо нархи пардохткунандаи харидор дохил мешаванд ва фаъолияти ин ширкатҳо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо