Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
- Баҳодиҳии ҷонибҳои дохилии пуркувват ва заифи ташкилот;
- Нишон додани хусусиятҳои синергетикии ташкилот, ки барои ҷустуҷӯи имкониятҳои нав мусоидат менамояд;
- Чен кардани иқтидори стратегии имконпазири тарзи синергетикии рушд.
Самаранокии синергизм оқибатҳои дурнаморо дорад. Ташкилотҳое, ки тарзи мазкурро таҷриба менамоянд, барои интихоби мавқеи рақобатнок дар асоси иқтидори стратегии мавҷуда заминаи мусоид мегузоранд.
Усули таҳлили диверсификатсионӣ – ин тағйироти иқтидори стратегии ташкилот дар шароитҳои нав ба шумор меравад. Барои ин ташкилотро лозим аст, ки бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ва ноил гаржидан ба мақсадҳо омилҳои рақобат ва шартҳои заруриро таҳия намояд. Ҳамзамон шакли соҳавии рақибон таҳия гардида, онҳо бо шакли касбият ва фаъолияти ташкилот якҷоя карда мешаванд.
Таҳлили стратегии хароҷот ва занҷираи арзишҳо
Таҳлили стратегии хароҷот дар худ муқоисаи хароҷоти ширкатро бо занҷираи нархҳо таҷАССУМ месозад.
Фаъолияти ташкилот ва амалиёти он, ки ба стратегия алоқаманданд, танзим намуда, сохтори хароҷоти ширкат ва ҷузъҳои асосии онро равшантар дарк намудан имконпазир аст. Ҳар як фаъолияти ин занҷира ба хароҷот алоқаманд буда, дар навбати худ активҳоро низ ба он алоқаманд мегардонад. Бо дарназардошти таносуби хароҷоти истеҳсолии ширкат ва активҳо ба навъҳои алоҳидаи фаъолият дар занҷира хароҷоти онҳоро баҳодиҳӣ кардан мумкин аст.
Хароҷоти ширкат ҳангоми иҷрои ҳар як амал бо таъсири ду омил метавонанд зиёд ва ё кам гарданд: сохторӣ (сарфа дар мавриди истеҳсолот, самаранокии таҷрибаҳо, талаботи технологӣ, суръати маблағгузорӣ, номгӯи васеи молу маҳсулот) ва иҷроия (қувваи корӣ барои рушди доимӣ, мавқеи кормандон ва имкониятҳои ташкилотчигии ширкат оид ба таъмини сифатноки маҳсулот ва ҷараёни истеҳсолот, марҳилаи барориши маҳсулоти нав ба бозор).
Занҷираи арзишҳои ширкат маҷмӯи фаъолият ва вазифаҳоеро инъикос менамояд, ки дар дохили ширкат амалӣ карда мешаванд. (Расми 9.9) Ин занҷира сарҳади даромаднокиро дар бар мегирад. Арзиши аслии маҳсулот дар муқоиса ба паст будани хароҷот мақсади асосии тиҷорати ширкат мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо