Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

стратегӣ нисбат ба назарияи сармоягузории сармоя камтар истифода мешаванд.

Проблемаи мазкурро инчунин Ҷ. Кларксон баррасӣ намуд, ки нуқтаи назари ӯ мукаммалтар ва асоснок буд.

Далели он ки қоидаҳои баҳодиҳии ҷузъҳои иқтидори стратегии ташкилот дар усулҳои баррасишуда гуногунанд, барои таҳқиқи проблема заминаи асосӣ мегузорад. Барои асоснок намудани он на танҳо баҳодиҳӣ, балки ташаккули аниқи ин қоидаҳо бо назардошти махсусиятҳои иншооти таҳқиқшаванда, яъне ташкилоти мушаххас, зарур аст.

Усули назариявии ҷустуҷӯи мутобиқшавӣ раванди ҷустуҷӯро истифода менамояд, ки он дар асоси ҷузъҳои иқтидори стратегия барои ташаккули стратегия оварда мерасонад. Мутобиқи он дар ибтидо ҷузъҳои муҳими иқтидори стратегии ташкилот ташаккул ёфта, сипас онҳо мутобиқи марҳилаҳо «тоза» карда мешаванд. Ин омил барои якчанд маротиба муроҷиат намудан ба як проблема имконият медиҳад ва дар ҳар ҳолат натиҷаҳои аниқ ба даст оварда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар усули ҷустуҷӯи адаптивӣ ташкилот кӯшиш менамояд, ки рафтори худро на муносиб, балки мувофиқ кунонад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки қоидаҳои интихобшуда аз ҳама усулҳои беҳтарин ба ҳисоб мераванд.

Усули идоракунӣ аз рӯи ҳадафҳо. Малакаи иқтидори ташкилот нисбати баррасии ҳамаи самтҳои фаъолият он қадар калон аст, ки мақсадҳои дар назди ташкилот гузошташударо ҳамчун асос барои тамоми ҷараёни идоракунии ҷузъҳои иқтидори стратегӣ, ки номи «усули идоракунӣ аз рӯи мақсадҳо»-ро гирифтааст, истифода намудан мумкин аст.

Муайян намудани мақсадҳои ташкилот яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки онро бояд баррасӣ намуд. Яке аз ҷавобҳо ба ин савол дар фалсафаи омӯзиши рафтор, омилҳои эстетикӣ ва иқтисодӣ, ки дар дохили ташкилот вуҷуд доранд, инчунин соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нуҳуфтааст.

Усули синергизм. Консепсияи синергизм аз ташкили тарзи баҳодиҳии сифатноки ҷузъҳои иқтидори стратегии ташкилот иборат аст. Ченкунии синергизм ба баҳодиҳии ҷонибҳои пуркувват ва заиф монандӣ дорад.
Барои баҳодиҳии дараҷаи синергизм самаранокии якҷоя байни ду қарор, ҳангоми баҳодиҳии ҷонибҳои пуркувват ва заиф бошад, малакаи стратегии ташкилот чен карда мешавад.

Аз ин ҷо, техникаи баҳодиҳии тарзи мазкур тавассути касбият ва малака барои корҳои зерин амалӣ карда мешавад:

пешина
аз 469
навбатӣ