Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
• қисмати функционалӣ — ин қисмати вазифаҳои истеҳсолӣ ва равандҳои бизнес мебошад;
• қисмати захиравӣ — ин қисмати захираҳои моддию техникӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ ва дигар захираҳои ташкилот ба шумор меравад;
• қисмати ташкилӣ аз сохтори ташкилӣ, технологияҳои фаъолият аз рӯи тамоми вазифа ва лоиҳаҳо, маданияти ташкилӣ иборат аст;
• қисмати идоракунӣ — ин роҳбарии умумии ташкилот ва сохтори идоракунӣ мебошад.
Ширкатҳои пешсаф таҳлили фаъолияти ташкилот аз рӯи нуқтаи назари баҳодиҳии иқтидори стратегӣ ва коркарди стратегияи фаъолиятро ба наздикӣ шурӯъ карданд.
Таҳлилгарон имрӯз барои ёфтани тарзҳои баҳодиҳии иқтидори стратегии ширкатҳо кӯшиш менамоянд. Масалан, як қатор фондҳои сармоягузорӣ барои баҳодиҳии иқтидори ширкатҳо меъёрҳои зерини тағйирпазириро истифода менамоянд:
• Индекси қаноатмандии мизоҷон;
• Ҳиссаи маҳсулоти нав дар сандуқи маҳсулот;
• Ҳиссаи хароҷот барои тадқиқот ва коркардҳои зарурӣ;
• Ҳиссаи хароҷот барои омӯзиши кормандон.
Дар асоси ин маълумот сармоягузорон иқтидори рушд ё пастравии арзиши ширкатро дар оянда баҳогузорӣ менамоянд.
Усулҳои баҳодиҳии иқтидори стратегӣ
Барои баробар ва мувофиқ тақсим намудани иқтидори стратегияи ташкилот усулҳои гуногунро истифода мебаранд, ки баъзеи онҳоро дида мебароем.
Усули назариявии сармоягузории сармоя. Таҳлили иқтидори стратегии ташкилот аз нуқтаи назари сармоягузорӣ дар муайян намудан ва баҳодиҳии он воситаҳо ва имкониятҳое фаҳмида мешавад, ки ташкилот айни замон онҳоро дорост. Таҳлили мазкур, инчунин он воситаҳоеро дар бар мегирад, ки харидорӣ намудани онҳо бо мақсади рушди ташкилот зарур мебошанд. Усули мазкур барои татбиқи амалии чорабиниҳои зикргардида таҳлили лоиҳаҳои сармоягузориро пешбинӣ менамояд. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ василаи асосии таҳлили ҷузъҳои иқтидори стратегии ташкилот низ ба ҳисоб мераванд.
Баъд аз ҳисоби маҷмӯи маблағҳо арзиши ҳар як лоиҳа ва дараҷаи хатарҳои мавҷуда баҳогузорӣ карда мешаванд.
Усули назариявии маҷмӯи интихоб дар заминаи назарияи маҷмӯи интихоб асос меёбад. Кори аввалин дар соҳаи истифодаи маҷмӯи интихоб
ба Г. Маркович дахл дорад. Муқаррароти он барои таҳлили иқтидори

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо