Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

9.3. ТАҲЛИЛИ ИҚТИДОРИ СТРАТЕГИИ ТАШКИЛОТ
Баҳодиҳии иқтидори стратегии ташкилот

Зери мафҳуми иқтидори стратегии ташкилот маҷмӯи захира ва имкониятҳои мавҷуда (малака) барои коркард ва татбиқи стратегияи ташкилот фаҳмида мешавад. Иқтидори стратегӣ танҳо захираҳоеро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи қарорҳои стратегӣ метавонанд тағйир ёбанд. Ба ғайр аз ин, иқтидори ташкилот аз шароитҳои фаъолияти он ки бештар ба тағйирёбии доимӣ майл доранд, вобастагӣ дорад.

Агар фаъолият дар ҳолати пардохтнопазирӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои муштарак сурат гирад, пас пул ва дигар воситаҳои бозоргузар захираи асосии стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити иқтисодии мусоид тамоми захираҳое, ки бартарии рақобатноки ташкилотро таъмин месозанд, ба иқтидори стратегӣ дохил мешаванд.

Тафсилоти иқтидори стратегияи ташкилотро дида мебароем.

Иқтидори молиявӣ ин мавҷудияти воситаҳои займӣ, худӣ ва имкониятҳои ҷалби маблағгузориҳо ба самтҳои фаъолияте мебошад, ки барои рушди ташкилот нигаронида шудаанд.

Иқтидори истеҳсолӣ ин маҷмӯи имкониятҳои техникӣ, таҷҳизот, бино, иншоот ва технологияҳо мебошад, ки барои фаъолияти ҷорӣ ва рушди минбаъдаи ташкилот истифода мешаванд.

Иқтидори сохтори идоракуниро ҳамчун маҷмӯи имкониятҳо, иқтидори интеллектуалӣ ва таъмини иттилоот барои қабули қарорҳо ва хулосаҳои зарурӣ нисбати мақсад ва стратегияи рушди ташкилот бо дарназардошти дар ташкилот роҳандозӣ гардидани маданияти корпоративӣ муайян кардан мумкин аст.

Таҳлили иқтидори ташкилот бояд тамоми самти фаъолияти онро дар бар гирад, аз ҷумла: менеҷменти ташкилот, КИТТК, истеҳсолот, маркетинг, молия ва кадрҳо. Ҳангоми таҳлили имкониятҳои ташкилот баҳогузориҳои субъективӣ, ки ба ҳақиқати ҳол мухолифанд, хатарнок мебошанд. Масалан, ташкилот дар андешаи он аст, ки моли истеҳсол кардааш сифатнок буда, ба талабот ҷавобгӯст, вале пурсиши харидорон нишон медиҳад, ки на ҳамаи онҳо ин чизро дарк намудаанд. Маҳз барои ҳамин бояд барои таҳлили идоракунӣ мутахассисони берунӣ (мушовирон) ҷалб карда шаванд. Онҳо метавонанд ба фаъолияти ташкилот ва маҳсулоти истеҳсол кардаи он нисбатан баҳои ҳақиқӣ диҳанд.

Таҳлили иқтидори стратегии ширкат дар заминаи қисматҳои калони муҳити дохилии тиҷорат амалӣ карда мешавад:

  • қисмати хӯрокворӣ ё лоиҳавӣ - ин самти фаъолияти ташкилот ва натиҷаҳои он дар шакли маҳсулот ва хизматрасониҳо мебошад;
пешина
аз 469
навбатӣ