Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ

Бо ёрии матритсаи мазкур усулҳои зерин имконпазиранд:

  1. Амалиёти амиқтар дар бозор, яъне суръати фурӯши молҳои мавҷуда ба гурӯҳи харидорони мавҷудбуда бе ворид намудани тағйирот ба худи мол. Муносибатҳои зерин истифода мешаванд: паст намудани нарх, зиёд намудани хароҷот барои реклама, васеъ намудани шабакаҳои нуқтаҳои фурӯш, ҷобаҷогузории намоёни маҳсулот ва ғайра;
  2. Васеъ намудани сарҳадҳои бозор аз ҳисоби омӯзиш ва ба даст овар- дани ҷузъҳои нави бозор;
  3. Коркарди мол - иваз намудани моли мавҷуда ба моли нав;
  4. Диверсификатсия яке аз стратегияҳои маркетинг аст, ки рад кардани як навъи тамоюлро ба маҳсулоти ягона ва ё як шакли тақсимот ва гузаш- тан ба номгӯи васеи мол ва усулҳои зиёди тақсимоти онро дар бар мегирад.

Таҷрибаи ҷопонии баромадан ба бозор ин аз худ намудани як бозор, ба даст овардани эътибор дар бозор ва сипас тасарруф намудани ҷузъҳои нави бозор ва мавқеи назаррасро ифода менамояд. Ширкатҳои калон барои пурра аз худ намудани бозор кӯшиш менамоянд.

Баҳодиҳии он ки барои чӣ харидорон танҳо як намуди молро (масалан, аспирин - тезтаъсиркунанда ё оҳиста таъсиркунанда) дастрас менамоянд, сохтори муқоиса намудани таркибии онҳо аз нигоҳи харидорон ва мавқеи моли мазкур имконият медиҳад. Мавқеи мол бо қабули харидорон, на аз рӯи воқеият мувофиқат менамояд. Чӣ қадаре ки тамғаи мол ба якдигар наздик бошад, ба ақидаи харидорон, онҳо қаноаткунандаи як талабот мебошанд. Корманди бозор хоҳиши харидорон ва молро дар нақша якҷоя менамояд, ки он нишон медиҳад, ки онҳо чиро харидорӣ кардан мехоҳанд.

Расми 9.8. Панҷ тарзи аз худ намудани бозор.

пешина
аз 469
навбатӣ