Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
ИҚТИДОРИ ЗАХИРАВИ
Расми 9.4. Таркиб ва сохтори иқтидори захиравии ташкилот.
• Малака ва таҷриба. Арзиши аслии пасти маҳсулот, дониши тиҷорати электронӣ, навовариҳои технологӣ, сатҳи пасти корношоямии маҳсулот, анъанаи хизматрасониҳои сатҳи баланд, таҷрибаи
фурӯши чакана, усули такрорпашавандаи реклама ва чорабиниҳо
оид ба пешбарӣ;
• Арзишҳои моддии активҳо. Иқтидорҳои муосири истеҳсолӣ ва
таҷҳизот, мавқеи мусоиди ҷойгиршавии амволи ғайриманқул, системаи пуркуввати глобалии фурӯш, системаҳои иттилоотӣ ва
шабакаҳои нави компютерӣ, сатҳи баланди бозоргузарии активҳо
мебошад;
• Кадрҳои баландихтисос. Кормандони таҷрибадор, менеҷерҳои боваринок, ҳавасмандии хуби меҳнатӣ, сармояи зеҳнӣ ва донишҳои
пешқадам, навовариҳои соҳибкорӣ ва идоракунӣ, кӯшишу ғайрат
барои донишомӯзӣ ва малакапайдокунӣ, ки дар муҳлати вақти
тӯлонӣ ташкил мешаванд. Қисми зиёди ширкатҳо донишро ҳамчун
бартари муҳими рақобатнокӣ баҳогузорӣ намуда, онро ба стратегияи худ дохил менамоянд;
• Захираҳои ташкилии арзишноқ. Системаи таҳқиқшудаи назорати
сифат, технологияҳои пешқадам, патентҳо барои ҷузъҳои муҳими
молҳо, ҳуқуқ барои дастрасӣ ба канданиҳои фоиданок, базаи устувори мизоҷӣ, мавқеи устувори молиявӣ, шабакаҳои боварибахши
маҳаллӣ, таъмини барнома барои тиҷорати электронӣ, паҳн ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё