Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мубодилаи ахбор бо интиқолдиҳандагон ва истеъмолкунандагони асосӣ аст;
• Активҳои ғайримоддии арзишнок. Имиҷи ҷалбкунандаи тамғаи тиҷоратӣ, эътибори хуби ширкат, ҳавасмандии харидорон, қувваи устувори корӣ;
• Имкониятҳои рақобатнок. Коркарди тез ва ба бозор баровардани молҳои нав, шабакаҳои васеи дилерҳо, ба роҳ мондани алоқаҳо бо интиқолдиҳандагони асосӣ, тамоил ба навовариҳои ширкат, чандирии сохтори ташкилӣ, намояндагони соҳибмалакаи тиҷоратӣ, таҷрибаи ба роҳ мондани тиҷорат ба воситаи интернет мебошад;
• Ҳамкорӣ ё корхонаҳои муштарак. Ҳамкориҳои самаранок бо интиқолдиҳандагон ё ҳамшарикон, ки мавқеи ширкатро устувор мегардонанд.

Барои баҳодиҳии иқтидори захиравии ташкилот усулҳои гуногун ва алгоритмҳои муайян қабул ва истифода мешаванд (Расми 9.5).

Татбиқи усули баҳодиҳии истифодаи самараноки захираи иқтидорӣ аз рӯи алгоритми пешниҳодгардида барои баҳогузории мукаммали ҳолати ташкилот, самтҳои хизматрасонӣ ва рушди стратегии он имконият медиҳад.

Баҳодиҳии ҳолати молиявӣ

Ҳолати молиявии ташкилот ин ҳаракати маблағҳои пулие мебошад, ки барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот равона гардидаанд. Байни рушди истеҳсолот ва ҳолати молиявӣ алоқаи бевосита ва алоқаи мутақобила вуҷуд дорад.

Ҳолати молиявии ташкилот ин навъи иқтисодиест, ки ҳолати гардиши капитал, имконияти баргардонидани қарзҳо ва рушди мустақиди ташкилотро дар бар мегирад.

Ҳолати молиявии ташкилот ҷобаҷузорӣ ва истифодаи активҳо ва сарчашмаи ташаккули онҳоро инъикос менамояд.

Ҳолати молиявии устувор яке аз шартҳои зарурии фаъолияти самараноки ширкат ба ҳисоб меравад. Таҳлили ҳолати молиявии ширкат якчанд равандҳоро дар бар мегирад, ки дар расми 9.6 нишон дода шудаанд:

Барои баҳодиҳии ҳолати устувори молиявии ширкат муайян кардан
зарур аст, ки вай барои баробар намудани уҳдадориҳои худ маблағ дорад ё не, чӣ гуна маблағҳои пулӣ аз активҳо ба маблағҳои ҳақиқӣ табдил
меёбанд, то кадом андоза активҳо ва сармояҳои худӣ ва қарзӣ самаранок
истифода мешаванд. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки мақсади

пешина
аз 469
навбатӣ