Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бренди корпоративӣ

Фалсафаи ширкат
Миссия, арзишҳо, дид

Стратегия

Тарзи ба роҳ мондани тиҷорат,
аз ҷумла усули идоракунӣ

Фарҳанги
корпоративӣ

Сиёсати корпоративӣ

Бренди корпоративӣ

Расми 9.3. Маданияти ташкилӣ ва қисматҳои он.

9.2. ТАҲЛИЛИ ИМКОНИЯТҲОИ ЗАХИРАВИИ
ВА БОЗАРГОНИИ ТАШКИЛОТ

Таҳлили иқтидори захиравии ташкилот

Захираҳо ҳамчун нуқтаи ибтидоии раванди истеҳсолӣ, таркиб ва мувофиқати гуногунии онҳо дар вобастагӣ бо хусусияти истеҳсолот ва барои ноил гардидан ба мақсадҳои ниҳоӣ баррасӣ карда мешаванд. Ба таркиби иқтидори захиравии инҳо дохил мешаванд: захираҳои табиӣ, фондҳои асосии истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ. Иқтидори захираҳо ин имкониятҳои ташкилот нисбати истифодаи захираҳои мавҷуда, инчунин захираҳоеанд, ки ташкилот истифода намебарад ва онҳо дар муҳити беруна вуҷуд доранд ва захираҳоеанд, ки дар оянда пайдо шуда, барои хизматрасониҳо ва гирифтани даромад нигаронида шудаанд.

Иқтидори ба назар намоён ва нонамоён вуҷуд дорад (Расми 9.4).

Муҳиммияти баҳодиҳии иқтидори захиравӣ ба он асос меёбад, ки ҳама гуна мақсад ва вазифаҳо нисбати ноил гардидан ба натиҷаҳои иҷтимоӣ дар оянда на аз рӯи захираҳои мавҷуда, балки аз рӯи захираҳои иқтидории ҷомеа муайян карда мешаванд.

Иқтидори захиравии ширкат ҳама вақт тарафи пурқуввати ташкилот ба шумор рафта, барои он имкониятҳои иловагии рақобатнокиро таъмин месозад. Ба он дохил мешавад:

пешина
аз 469
навбатӣ