Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ

Рафтор амали ҳамарӯзаест, ки одамон дар вақти кор ва ё дар вобастагӣ ба кори худ дар алоқамандӣ бо корҳои дигар иҷро мена-моянд (маросимҳо ва анъанаҳо); Муҳити психологӣ ин системаи устувори алоқаи дохилии гурӯҳҳо аст, ки дар рафтори боэҳсос инъикос мегардад.

Расми 9.2. Арзишҳои маданияти ташкили ширкатҳои пешсаф.

Аҳамияти муҳими таҳлили маданияти ташкилӣ дар он маънидод карда мешавад, ки вай на танҳо муносибати байни одамонро муайян мекунад, балки таъсиррасонии ташкили муносибатҳои онро бо муҳити беруна, бо ҳамкорон ва тарзҳои мубориза бо ширкатҳои рақибро таъмин месозад. Аз сабаби на он қадар зиёд буданаш омӯзиши он душвор аст. Аммо дар робита бо маданияти ташкилӣ як қатор ҷанбаҳои пурқувват ва заифи ширкатро нишон додан мумкин аст.

Барои ташкилоте, ки маданияти ташкилии баланд дорад, омили инсонӣ, фалсафаи худии ширкат, тарғиби арзишҳои худӣ аҳамияти муҳим доранд. Баръакс, ташкилоти маданияти ташкилии пастдошта, асосан, ба фаъолияти миқдории нишондиҳандаҳои худ такя менамояд.

Модели самараноки куллии маданият вуҷуд надорад. Яке аз ҷузъҳои муҳими ташкилшавандаи маданияти ташкилӣ ин бренди корпоративии ташкилот аст. Дар расми 9.3 таъсиррасонии байниҳамдигарии ҷузъҳои асосии маданияти ташкилӣ нишон дода шудаанд.

пешина
аз 469
навбатӣ