Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ширкат - «роҳандоз» бо сифати баланд (монандӣ надорад), салоҳиятҳои васеъ, хароҷоти паст ва нархҳои миёна тавсиф мешавад. Ширкати дорои чунин шакл пешоҳангони бозор ва ё ташкилкунандагони он ба ҳисоб мераванд. Дар байни шаклҳои стратегӣ ин ширкатҳо аз ҳама ноустувор буда, барои рақибоне, ки барои баромадан ба бозори нав талош доранд, хатарҳои зиёд меоранд;

Ширкат - «монополисти диверсификатсионӣ» - дорои сифати гуногун, салоҳияти муҳими баланд, хароҷоти миёна ва нархи баланд мебошад.

Таҳлили маданияти ташкилӣ дар робита бо омӯзиши самтҳои гуногуни муҳити дохилӣ аҳамияти муҳим дорад. Чуноне ки аллакай қайд шуд, вай дар иҷрои корҳои кормандони ширкат ва муносибати байнаҳамдигарии онҳо инъикос меёбад. Маданияти ташкилӣ барои ширкат дар рақобатҳои пуршиддат ва устувор мусоидат менамояд. Вале ин тавр шуданаш ҳам мумкин аст, ки вай ташкилотро заиф мегардонад ва ҳатто дар мавриди дорои иқтидори калони технологӣ ва молиявӣ будани ташкилот наметавонад барои рушди ояндаи он мусоидат кунад.

Сарчашмаи муаммоҳои зиёди ташкилот дар захираҳои инсонӣ ниҳон аст. Маданияти ширкат (муҳит ва ё фазои ташкилот) барои ҷалби кормандони шаклҳои алоҳида ва барои ҳавасмандкунии онҳо истифода мешавад. Имиҷи ташкилот маҳз тавассути кормандон, мизоҷон ва афкори ҷомеа ташкил карда мешавад. Маданият ва мавқеи ширкат аз фаъолияти эътибордори ширкат устувор ва ё заиф мегардад.

Маданияти ташкилиро омилҳои зерин муайян месозанд: системаи вазифавӣ дар ташкилот, сатҳи коммуникатсия, муносибатҳои шахсӣ ва байниҳамдигарии кормандон дар ташкилот. Дарки маданияти ташкилӣ барои омӯзиши саволи - дар ташкилот анъанаҳои устувор, меъёрҳои рафтор, чорабиниҳои маросимӣ ва ғайра мавҷуд аст? мусоидат менамояд.

Маданияти ташкилӣ қисматҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Боварӣ - ба корманд, бовар кунонидани он ки дар ташкилот чӣ дуруст аст;
  • Арзишҳо муайян менамоянд, ки чӣ чиз дар ташкилот муҳим аст. Арзишҳои маданияти ташкилӣ, ки барои ширкатҳо комёбӣ оварданд, дар расми 9.2 нишон дода шудаанд.
  • Меъёр - ин қоидаи нонавиштаи рафтор аст, ки ба одамон талқин менамояд, ки чӣ гуна рафтор намоянд ва аз онҳо чиро мунтазир шудан мумкин аст;
пешина
аз 469
навбатӣ