Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ
Расми 9.1. Таҳлили муҳити дохилии ширкат.
Шаклҳои стратегии тиҷорат
Дар доираи таҳлили муҳити дохилии ширкат дар вобастагӣ бо хоҳиши истеъмолкунандагон ва тамоюлҳои истеъсолкунандагон шаклҳои зерини стратегии тиҷоратро қайд менамоянд:
Ширкат - «қафомондагон» маҳсулоти ин ширкатҳо сифати паст доранд ва равандҳои асосии бозорро аз худ карда наметавонанд. Ширкатҳои
мазкур танҳо дар заминаи яке аз самтҳои стратегӣ ҳаракат менамоянд;
Ширкат - «ҳимояткунанда» - сифати баланди маҳсулот ё хизматрасониҳо аз ҳисоби хароҷоти зиёд ба даст омада, ширкатро маҷбур месозанд, ки нархҳоро дар сатҳи баланд нигоҳ доранд;
Ширкат - «ҳимоякунандаи хароҷот» - ба ин намуд ширкатҳо нархҳои на он қадар баланд, сифати миёнаи молу маҳсулот ва сатҳи миёнаи
хароҷот мансуб аст;
Ширкат - «таҳлилгари рушдёбанда» - хусусиятҳои сифатнокии баланд ва салоҳияти васеи муҳимро дорост, ки ҳангоми паст будани хароҷот барои муқаррар намудани нархҳои баланд имконият медиҳад.
Чунин ширкатҳоро таҳлилгарон меноманд, барои он ки онҳо доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои нигоҳ доштани сифати баланди молу маҳсулот бо хароҷоти паст мебошанд. Онҳо даромадҳои калон ба даст меоранд, ки барои шуҳрат пайдо намудани онҳо мусоидат менамоянд.
Ширкат - «таҳлилгари диверсификатсионӣ» - маҷмӯи салоҳиятҳои
муҳимро истифода намуда, хароҷоти кам доранд ва дар ҳама ҷузъҳои
бозор рақобатпазир мебошанд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё