Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Тамоюли тағйироти суръати фурӯш;
Имиҷи ширкат дар назди истеъмолкунандагон;
Мавқеи ширкат дар самти технологияҳо;
Мукаммалгардонии маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он;
Сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ва ғайра.
Дар вобастагӣ аз нишондиҳандаҳои ин индикаторҳо барои дар оянда гузаронидани стратегияи амалкунанда қарор қабул карда мешавад.
Бо тамом шудани таҳлили мавқеи ширкат муаммоҳои стратегиеро бояд муайян намуд, ки ширкат ба онҳо дучор гардидааст. Чӣ қадаре ки стратегия ба муҳити беруна мувофиқ бошад, ҳамон қадар тағйирот ба он кам ворид карда мешавад. Агар стратегияи амалкунанда ба дурнамои рушди ширкат мувофиқат накунад ва ширкат нишондиҳандаҳои пасти рейтингӣ дошта бошад, пас роҳбарони ширкатҳоро лозим аст, ки барои ташкил намудани стратегияи нав чораҳои зарурӣ андешанд.
Сохтори гузаронидани таҳлили мавқеи ширкат чунин аст:
Индикаторҳои фаъолияти ширкат дар солҳои охир муайян карда мешаванд;
Натиҷаҳои SWOT-таҳлил танзим карда мешаванд (ҷонибҳои пурқуввати дохилӣ, ҷонибҳои заифи дохилӣ, имкониятҳои мусоиди беруна, хатарҳои беруна);
Рейтингҳои рақобатнокӣ ҳисоб карда мешаванд;
Нисбати мавқеи рақобатноки ширкат хулосабарорӣ карда мешавад (беҳшаванда, бадшаванда, бартарии рақобатнок мавҷуд аст ё не);
Проблемаҳои асосии стратегие, ки ширкат бояд баррасӣ намояд, танзим карда мешавад.
Мантиқ ва муҳтавои таҳлили муҳити дохилии ташкилот дар расми 9.1 оварда шудааст:
Баъд аз ин таҳлили стратегияи гурӯҳи рақибон гузаронида шуда, аз рӯи ин таҳлил хулосаҳои зерин бароварда шуданд:
Ширкатҳои як гурӯҳи стратегӣ дар муқоиса бо ширкатҳои гурӯҳҳои гуногун нисбатан рақибони сахт ба шумор мераванд;
Дар гурӯҳҳои гуногуни стратегӣ ширкатҳо дорои бартариҳои гуногуни стратегӣ мебошанд;
Тағйири шартҳои бозор ба ширкатҳои гурӯҳҳои гуногун самаранокии ҳархела медиҳанд;
Зиёд шудани миқдори гурӯҳҳои стратегӣ рақобати соҳавиро шиддатнок мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё