Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ

Ихтисороти маркетинги он равандҳоеро дар бар мегирад, ки ба фурӯши маҳсулот вобастаанд:
• Стратегияи маҳсулот ва нархгузорӣ;
• Стратегияи пешбарии маҳсулот дар бозор;
• Интихоби бозор ва сохтори фурӯши тахфифии мол;

Ихтисороти молиявӣ раванди вобаста ба таъмини самараноки истифодабарӣ ва ҳаракати воситаҳои пулиро дар бар мегирад:
• Дастгирии бозоргузарии маҳсулот, таъмини даромаднокӣ;
• Ташкили имкониятҳои сармоягузорӣ ва ғайра.

Таҳлили мавқеи ширкат дар соҳа

Инак, мо таҳлили муҳити ширкат ва сохтори соҳаро гузаронидем. Акнун бояд ҳолати мавқеи ширкатро дар соҳа баҳогузорӣ намоем. Барои ин бояд таҳлили мавқеъҳои зеринро амалӣ намуд:
• Баҳодиҳии стратегияи амалкунанда;
• Таҳлили ҷонибҳои суст ва пурқуввати ширкат, имкониятҳои мусоид ва хатарҳои эҳтимолӣ барои ширкат;
• Рақобатпазирии нархҳо ва хароҷоти ширкат;
• Устувории мавқеи рақобатноки ширкат;
• Проблемаҳои стратегии ширкат.

Барои ҷавоб гирифтан ба саволҳои дода шуда тарзҳои маъмулии идоракунии таҳлилӣ истифода бурда мешаванд:
• SWOT-таҳлил;
• Таҳлили занҷира ва хароҷот;
• Таҳлили стратегияи хароҷот;
• Баҳодиҳии рақобатнокӣ;

Баҳодиҳии стратегияи амалкунандаро бо чунин тарз бояд оғоз намуд: оё ширкат бо хароҷоти паст пешсаф аст; барои тафреҳи маҳсулоти худ дар муқоиса бо маҳсулоти рақибон кӯшиш менамояд; барои дар бозор пешсафиро ба даст овардан кӯшиш мекунад. Ба ғайри аз ин, бояд доираи фарогирии бозор аз ҷониби ширкат ва стратегияи функционалии он дар самтҳои молия, сиёсати кадрӣ, истеҳсолот, маркетинг ва гузаронидани КИТТГ баҳогузорӣ карда шаванд.

Ба индикаторҳои стратегии фаъолияти ширкат нишондиҳандаҳои зеринро мансуб донистан мумкин аст:
• Ҳиссаи бозор дар соҳа;
• Тамоюли тағйироти даромаднокӣ ва бузургиҳои он дар муқоиса бо рақибон;
• Тамоюли тағйир додани даромадҳо ба сармоягузорӣ;
• Рейтинги қарзии ширкат;

пешина
аз 469
навбатӣ