Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 9. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТ

Дар поён омилҳои калидӣ, ки манбаи қувва ва заифии ташкилот мебошанд, нишон дода шудаанд. Таҳлили онҳо барои дарки муҳити дохилии ташкилот кумак мерасонад (ҷадвали 9.1).

Бо дарназардошти омилҳои муҳити дохилӣ ихтисороти мавҷуда, ки ҳар кадоми онҳо маҷмӯи ҷараёнҳои асосӣ ва ҷузъҳоро ташкил дода, иқтидор ва имкониятҳои ташкилотро муайян менамоянд, амал мекунанд.

Ҷадвали 9.1. Омилҳои сохтории калидӣ.

№ Қисмат Омилҳои муҳим

1 Кадрҳо
• Кормандони идоракунанда;
• Рафтор ва таснифоти кормандон;
• Сиёсати кадрӣ;
• Истифодаи усулҳо барои ҳавасмандии меҳнат;
• Имконияти назорати тағйирёбиҳо дар самти хоста гирифтани қувваи корӣ;
• Аз кор рафтани кадрҳо;
• Таҷриба ва таснифоти махсуси кадрҳо.

2 Ташкили идоракунии умумӣ
• Сохтори ташкилӣ;
• Эътибор ва имиҷи ширкатҳо;
• Ташкили системаи коммуникатсионӣ;
• Самаранокии системаи назорат;
• Муҳити ташкилӣ, фарҳанги идоракунӣ;
• Малака, қобилият ва ҳавасмандии роҳбарияти воломақом;
• Системаи банақшагирии стратегӣ.

3 Истеҳсолот
• Арзиши ашёи хом, арзон будани он, муносибат бо таҳвилгарон;
• Системаи идоракунии захираҳои молӣ;
• Сарфакорӣ аз ҳаҷми истеҳсолот;
• Самаранокии истифодаи таҷҳизот;
• Дараҷаи амудии ҳамгироӣ, маҳсулоти тоза ва даромад;
• Самаранокии вазифаи назорат аз болои истеҳсолот;
• Бартариятҳои қиёсӣ аз рӯи миқдори хароҷот ва сифати технологияҳо;
• Коркарди илмӣ, тадқиқот ва инноватсия, патентҳо, тамғаи тиҷоратӣ.

пешина
аз 469
навбатӣ