Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Вобаста ба нуқтаи назари М.Портер, дар заминаи давраҳои зерин идора намудани таҳлили бартариҳои рақобатнокӣ тавсия карда мешаванд: таҳлили таърихи соҳаҳои пешрафтаи тараққиёти саноатӣ ва давлатҳои нави саноатӣ; таҳлили сохтори соҳа; пайдо намудани мавқеи ширкат дар миқёси умумӣ; муайян кардани стратегияи ширкат; муайян намудани силсилаи арзишҳои ширкат; таҳлили омилҳои нигоҳдории бартариҳои рақобатнокии ширкат; таҳлили мукаррароти бартариҳои рақобатноки давлат; коркард, асосноккунӣ ва мувофиқкунии чораҳо доир ба баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии давлат, соҳа, ширкати алоҳида; аудит ва мақсаднокии натиҷаҳои банақшагирифташуда.

  2. Модели «Панҷ қувваи рақобатӣ» яке аз воситаҳои маъмултарини таҳлили рақобатнокӣ буда, бо баҳогузории 5 қувваи зерин асос меёбад: таҳдиди пайдошавии бозингари (рақӣбон) нав дар бозор, таҳдид аз тарафи молҳо-ивазкунандаҳо, бонуфузии харидорон, бонуфузии таҳвилгарон, рақобат байни ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда.

8.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Алоқа байни мафҳумҳои «қобилияти рақобатнокӣ» ва «сифат», «қобилияти рақобатнокӣ» ва «сатҳи техникӣ» дар чӣ ифода меёбад?

  2. Шаклҳои асосии стратегияи рақибонро номбар намоед.

  3. Сарҳадҳои намунавии «рақобати ҷопонӣ»-ро, ки Акио Морита ҷудо кардааст, тасвир намоед.

  4. Оё рақибонро доимо омӯхтан лозим аст? Агар ҳа, пас инро асоснок намоед, чаро?

  5. Таснифи стратегияи рақобатнокӣ ба ақидаи Ф.Котлер аз чӣ иборат аст?

  6. Фарқияти таъсири воситаҳои таъсиррасонии бавосита ва бевосита ба ширкат дар чист?

  7. Бартариҳои рақобатноки ташкилот чӣ гуна муайян карда мешаванд? Бартариҳои рақобатноки дохилӣ ва беруна дар чӣ муайян мегарданд?

  8. Барои ташкили бартариҳои рақобатнок кадом стратегияҳо мавҷуданд ва хусусияти онҳо дар чист?

  9. Кадом меъёрҳои салоҳияти асосӣ фарқ карда мешаванд ва дар онҳо чӣ гуна таҳлил гузаронидан мумкин аст?

  10. Барои баҳодиҳии қолибии соҳа кадом бартариҳо таҳлил карда мешаванд (аз рӯи модели Портер)?

пешина
аз 469
навбатӣ