Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Бо ташкили интернет-мағозаи аз дигарон камтар фарқкунанда, ширкати Half.com тавонист дар назари харидорон тафриқаи самараноки онро аз рақибон ба роҳ монад ва бо кумаки ҷараёни маркетинг, бе сармоягузорӣ ба маркетинги анъанавӣ ба тараққиёт муваффақ гардад. Дар натиҷа, ширкати e-Bay пас аз сипарӣ гаштани 6 моҳи ташкилёбии Half.com, онро ба 300 млн. долл. харидорӣ намуд.

Бизнес-стратегияи соҳибкорон аз Интернет-супермаркети Half.com амрикой барои муваффақ гаржидан ба афзоиши босуръати ширкат ва фурӯши минбаъдаи ширкат ба Интернет-супермаркети калонтарини e-Bay равона гашта буд.

Барои амалӣ гаштани стратегияи худ онҳо қарорҳои ғайриодии маркетингиеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ВАО ва ҳазорон одамонро маҷбур созанд, то дар бораи Half.com сухан ронанд.

Мутахассисони интихобнамудаи ширкат доир ба маркетинги анъанавӣ барои шуҳратманд гардидани ширкати Half.com дар байни ҷомеа ягон тавсия ва пешниҳод дода натавонистанд, ки ҷомеа дар бораи ин ширкат сухан ронад. Қарорҳои онҳо на ҳама вақт самаранок буда, дар доираи рекламаи телевизионӣ ва рекламаи интернетӣ, сар додани кураи ҳавой бо номи ширкат ва ғайра маҳдуд мешуданд.

Бо дарки он ки чунин усулҳо ширкатро пешсафи бозор карда наметавонанд, роҳбарияти Half.com мутахассис доир ба маркетинг Марк Хюэсро бо вазифаи ноиби президенти ширкат қабул намуда, ба ӯ пешниҳод кард, ки модели қатъиян нави маркетингии ширкатро ихтироз ва ба зудӣ онро машҳур созад. Марк пешниҳод намуд, ки маркетингро бояд дар асоси «сунамии хабари нек» ташкил намуд. Вай таклиф намуд, ки шаҳраке ёбанд, ки номи он бо «Half» оғоз гардад ва бо розигии сарварони он номи шаҳфро ба «Half.com» тағйир диҳанд.

Пас аз ҷустуҷӯи кӯтоҳмуддат роҳбарияти ширкат дар шаҳраки Halfway бо аҳолии 350 нафар, воқеъ дар штати Орегон қарор гирифтанд. Моҳи декабри соли 1999 гурӯҳи маркетингӣ аз Half.com дар ҳузури мэри шаҳрак Дик Кроу, барои дида баромадани масъалаи тағйирдиҳии номи шаҳрак ба Half.com омаданд.

Аввал мэр ба масъалаи пешниҳодшуда нобоварона муносибат кар-да, пас аз муҳокимаи кӯтоҳ оид ба сарчашмаи маблағҳо розӣ шуда,

пешина
аз 469
навбатӣ