Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

• Зичии (консентратсия) рақобат;
• Гуногунии рақибон (чӣ қадаре фарқият дар байни ширкатҳои рақобатӣ зиёд бошад, ҳамон қадар саноати мазкур барои иштирокчиёни он мусоид аст);
• Фарқияти маҳсулот (чӣ қадаре байни маҳсулот фарқият бошад, ҳамон қадар барои харидор ва иштирокчиёни саноати мазкур мубориза мусоид намешавад);
• Монеаҳои баромад;
• Сарфакунии миқёс;
• Таносуби хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда.
Барои гузаронидани таҳлил нақшаи васеъро, ки Майкл Портер дар шакли қисматҳо пешниҳод намудааст, истифода кардан мумкин аст (расми 8.8).

8.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Рақобат механизми муборизаро байни иштирокчиёни бозор барои ҳуқуқи пайдо намудани харидори худ бо мақсади фурӯши маҳсулоти ширкат ва гирифтани даромади мувофиқро инъикос менамояд. Он асоси рушди иқтисодии ҳар як ташкилот буда, соҳибкорро маҷбур месозад, ки талаботи истеъмолкунанда, нав кардани моли худ, баландбардории сифат, беҳтаркунии сифати хизматрасониро омӯзад.

  2. Қобилияти рақобатнокӣ ин хусусияти объектҳоеанд, ки тавсифдиҳандаи дараҷаи қонеъгардонии талабот дар муқоиса бо объектҳои монанди дар бозор пешниҳодшуда мебошанд, яъне ин раванд қобилияти ба талаботи бозор ва дархости харидорон ҷавобгӯ будани молро дар бар мегирад. Нишондиҳандаи муҳимтарини ҚРБ объекти иқтисодии сатҳҳои дилхоҳ, мавҷудияти бартариҳои рақобатнокӣ дар онҳо мебошад, яъне сифате, ки дар ҳарифон мавҷуд нест ва ё зоҳир намегардад.

  3. Дар асоси аломатҳои стратегии умумӣ чор навъи стратегияи асосии ширкатҳои дар як соҳа рақобаткунандаро ҷудо мекунанд: муҳофизон, разведкачиён, таҳлилкунандагон ва мутаассирон, ки ба менеҷерон доир ба стратегия на танҳо барои самаранокӣ, балки барои мушоҳида намудани ҳар як алтернативии стратегӣ имконият медиҳанд. Ф.Котлер вобаста аз ҳиссаи бозории муассиса, чор навъи стратегияи рақобатнокро пешниҳод менамояд: сарвар, челленҷер, пайрав ва мутахассис.

  4. Бартариҳои рақобатнокии ширкатро ба ду навъ ҷудо кардан мумкин аст: «афзалият дар маҳорат» ва «афзалият дар захираҳо». Барои ташкили бартариҳои рақобатнокӣ стратегияҳои зерин вуҷуд доранд: стратегияи пешсафӣ оид ба хароҷот, стратегияи тафриқавӣ, стратегияи фокусӣ ва стратегияи кашфкунанда.

пешина
аз 469
навбатӣ