Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Аз рӯи пешниҳоди профессори мактаби бизнеси Гарвард Майкл Пор-тер модели «Панҷ қувваи рақобатнок» яке аз воситаҳои маъмултари-ни таҳлили рақобатнок ба шумор меравад. Дар модели мазкур барои баҳогузории соҳа таҳлили 5 қувваи зерин пешниҳод мегардад:
Таҳдиди пайдошавии бозингари (рақибон) нав дар бозор;
Таҳдид аз тарафи молҳо-ивазкунандаҳо;
Бонуфузии харидорон;
Бонуфузии таҳвилгарон;
Рақобат байни ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда.

Назар ба заифии ин 5 қувва ҷолибияти соҳа баланд мешавад. Поёнтар таҳлили алоҳидаи ин панҷ қувваи рақобатнок ва мантиқи баҳогузории онҳо оварда мешавад:

  1. Таҳдиди пайдошавии иштирокчиёни (рақибон) нав дар бозор. Дар назария ҳар як саноат, барои бозӯфти даромад аз миёна зиёдтар (ва ё гирифтани бозгашти сармояи зиёдтар, назар ба арзиши сармоя), ҷалби миқдори номаҳдуди бозингарони нав имконият медиҳад. Дар амалия,
пешина
аз 469
навбатӣ