Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

шомилшавии оммавӣ ба саноати мазкур ба вуҷуд намеояд, агар он аз ҳуҷум ба монеаҳо дар даромадгоҳ муҳофизат карда нашавад. Ба сифати чунин монеаҳо инҳо баромад мекунанд:
• Талаботи баланд ба сармояи ибтидоӣ;
• Сарфакунии миқёс;
• Бартарии мутлақи арзиш (бартарӣ ба арзиши аслӣ);
• Шинохтани брендҳо ва риояи қонун аз тарафи харидор;
• Дастрасӣ ба шабакаҳои тақсимотӣ;
• Монеаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ;
• Ҷазо аз тарафи ширкатҳои дар саноат фаъолияткунанда;

  1. Таҳдид аз тарафи молҳо-ивазкунандаҳо. Нархе, ки харидорон барои
    пардохти мол ва ё хизматрасониҳо тайёранд, қисман аз алтернативаҳои
    дастрас дар бозор вобастаанд. Мавҷуд набудани ивазкунандаҳои маҳсулот
    (масалан, дар ҳолати марбут ба бензин ва сигор), бетарафии нисбии харидорон ба нарх мефаҳмонад. Дар ҳолати баръакс, ҳангоми дар бозор
    мавҷуд будани молҳо-ивазкунандаҳо, харидор ба тарафи чунин молҳо
    майл мекунад, дар ҳолати баландшавии нархҳо бошад, майли харидор
    ба молҳои аслӣ равона мегардад;

  2. Бонуфузии харидорон. Дар саноати дилхоҳ фаъолияти ташкилот дар ду бозор амалӣ мегардад — дар бозори воридоти захираҳо (input) ва бозори содиротии маҳсулот (output). Дар ҳолати аввала ташкилот ашёи хом ва захираҳои моддӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва қувваи кориро харидорӣ мекунад. Дар ҳолати дуюм ширкат молҳои тайёр ва хизматрасониҳоро ба харидорон мефурӯшад. Дар ҳар ду ҳолат ин фаъолият арзиши изофаро барои харидорон ва фурӯшандагон ташкил менамояд. Бинобар ин, арзиши изофа дар байни харидор ва фурӯшанда тақсим шуда, аз таъсири нисбии иқтисодии онҳо вобастагӣ дорад.
    Таъсири харидорон аз омилҳои зерин вобастагӣ дорад:
    • Ҳассосият ба нарх (ҳассосияти харидорон ба нархи маҳсулот баланд бошад, ҷолибии бозори мазкур барои фурӯшанда кам мегардад);
    • Миқдор ва якҷоягии харидорон дар муқоиса бо фурӯшандагон (чӣ қадаре, ки харидорон дар бозор кам бошанду ҳаҷми хариди онҳо зиёд бошад, ҳамон қадар таъсирнокии онҳо баланд аст);
    • Маълумотнокии харидорон (чӣ қадаре ки маълумотнокии харидорон оид ба фурӯшандагон, нарх ва хароҷот зиёд бошад, ҳамон қадар имконият барои паст намудани нархҳои ин харидорон пайдо мешавад);
    • Имкониятҳо барои якҷоякунии амӯдӣ (қобилияти харидор, ба ивази хариди мол ва мавод аз таҳвилгарон, ташкили мустақилонаи истеҳсоли онҳо);

пешина
аз 469
навбатӣ