Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

Нишондиҳанда | БР-и ширкати Шумо | БР - Рақиби 1 | БР - Рақиби 2 | Нақшаи амалиёт оид ба беҳтар намудани БР
--- | --- | --- | --- | --- Нодирӣ | 3 | 1 | 1 | - Дарозмуддатӣ | 3 | 2 | 2 | - Мураккабнусхашаванда | 1 | 2 | 3 | Ақида ва патенткунии номи худи технология Боварӣ меорад | 2 | 3 | 1 | Далелҳои боварибахши ташаккули таъмини БР-ро бояд ташкил намуд Молро мефурӯшад | 3 | 2 | 3 | - Сабаби боварӣ | 3 | 3 | 3 | - Фаҳмоӣ | 3 | 3 | 1 | - Мавҷуд будани мухолифат | 3 | 2 | 3 | - Мухтасар | 2 | 3 | 3 | Тавзеҳоти фаҳмои фурӯшро фикр намудан лозим аст Бали умумӣ | 23 | 21 | 20 | Хулоса: БР-и ташкилот нисбати рақибон бартаринок аст, вале коркарди начандон калонро талаб менамояд.
Фоиз аз ИР-и идеалӣ | 85% | 78% | 74% |

Модели панҷ қувваи рақобатнокӣ аз рӯи ақидаи Портер Вобаста ба назарияи конунии М.Портер, бартарии рақобатнокӣ дар бозор дар асоси пешниҳоди маҳсулот ба истеъмолкунандагон, ки ба ҳамон арзиш баҳои баланд (тафриқа) медиҳанд ва ё пешниҳоди арзиши баробар, вале бо нархи паст (ҳароҷоти паст) ба амал меояд.

Таҳлили рақобатро дар асоси модели «панҷ қувваи рақобатнокӣ», ки М.Портер пешниҳод кардааст, гузаронидан мумкин аст (расми 8.8).

Нисбатан рақобати шиддатнок дар соҳа дар байни рақибон ҷой дорад. Чун қоида, барои бузургии ҳиссаи бозор мубориза рафта (хусусан дар давраи рушди соҳа), бинобар дар аксар ҳолатҳо маҳз ин нишондиҳанда дар давраи дарозмуддат нишондиҳандаҳои дигарро муайян мекунад.

Ин модел барои баҳогузории панҷ қуввае, ки ба кори ширкат таъсир мерасонанд, имконият дорад, ки онҳоро ба инобат гирифта, ба онҳо таъсир расонад ва ҳолати онҳоро доимо мушоҳида намояд.

пешина
аз 469
навбатӣ