Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки ин кор қисми муҳими таҳияи нақшаи стратегии муассиса бо назардошти тавсифи мақсад ва вазифаҳои рушд буда, онро роҳбарияти ташкилот чунин тасаввур мекунад. ОҚМ ҳамчун таҳкурсии коркардҳои стратегӣ аст ва барои соҳаҳои гуногун якхела набуда, ба соҳаи муайян аз рӯи вақт тағйир меёбад. Ба ин нигоҳ накарда, якчанд ОҚМ-и асосиро ҷудо кардан мумкин аст, ки поёнтар нишон дода шудаанд. Вазифаи таҳлилгарон аз он иборат аст, ки 3-5 гурӯҳи нисбатан барои ояндаи наздик муҳимро ҷудо намуда, масалан бо роҳи муттаҳид намудани омилҳои ҷудокарда аҳамияти онҳоро барои соҳаи мазкур нишон диҳанд. Баъдан, онҳо бояд барои стратегияи муассиса асос шаванд. Гурӯҳҳои зерини ОҚМ-ро ҷудо кардан мумкин аст:

Мисоли таҳлили бартариҳои рақобатнокӣ Дар ҳар як ширкат бояд низоми идоракунӣ ва баҳодиҳии муҳиммияти бартариҳои рақобатии маҳсулот мавҷуд бошад, зеро ки дар шароити пурии бозорҳо ва афзоиши пешниҳоди ширкатҳои рақибон нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани рақобатнокии маҳсулот муҳим аст.

Мисоли тайёр пешниҳод карда мешавад, ки ба воситаи он Шумо бе кӯшишҳои зиёдатӣ таҳлили муқоисавии бартарияти рақобатноки мол ва маҳсулоти худро нисбат ба мол ва маҳсулоти рақибон гузаронида метавонед. Дар мисол тасвири муфассали ҳар як қадам ва нусхаи қулайи сохтор пешниҳод шудааст.

Қадами № 1: Таҳияи рӯйхати мушаххасоти баҳоҳо, ки бартарии асосии рақобатнокии мол дар муқоиса бо рақиби интихобшуда оварда мешавад.

Қадами № 2: Баҳогузорӣ ба бартарии рақобатии моли ширкат. Баҳогузорӣ одатан бо ҷадвали 3 балла гузаронида мешавад, ки:
• 1 балл = нишондиҳанда дар бартарии рақобатнокии мол пурра инъикос намегардад;
• 2 балл = нишондиҳанда дар бартарии рақобатнокии мол нопурра инъикос мегардад;
• 3 балл = нишондиҳанда дар бартарии рақобатнокии мол пурра инъикос мегардад.

Қадами № 3: Таҳияи нақшаи беҳсозӣ. Баҳогузории бартариҳои рақобатноки ширкат ва нақшаи амалиёт доир ба беҳсозии он дар муқоиса бо рақибон дар ҷадвал оварда шудааст.

пешина
аз 469
навбатӣ