Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

интихоб менамояд. Манбаи афзалиятҳои истеъмолкунандагон муайян гардида, нуқтаи ягонаи ибтидоиро барои силсилаи таҳлилҳо пешниҳод мекунад. Масалан, агар интихоби истеъмолкунанда дар супермаркет, пеш аз ҳама, ба нархи минималӣ рост ояд, пас муқаррар кардани нархҳои паст аз хароҷоти паст вобаста буда, омили асосии хароҷоти муқарраркунанда (детерминантӣ) дар супермаркет мебошанд.

Саволи дуюм омӯзиши асосҳои рақобатнокиро дар соҳа талаб мекунад. То кадом дараҷа рақобат шиддатнок аст ва самтҳои асосии он кадомҳоянд?

Таҳлили муштарак дар ин ду самт барои дарки он ки кадом омилҳои дохилӣ ва беруна дар пешрафти фаъолияти ширкат мавқеи асосӣ доранд, имконият медиҳад.

Барои баробар кардани омилҳои асосии муваффақият бо сохтани модели даромаднокии ширкат, яъне моделе, ки омилҳои таъминкунандаи сатҳи дилхоҳи даромаднокии дохилии соҳаро (драйвери даромад) инъикос мекунад, кӯшиш намудан мумкин аст.

Омилҳои асосии муваффақият барои ҳама ташкилотҳои соҳа омилҳои умумӣ буда, татбиқи онҳо беҳтар намудани мавқеи рақобатнокро пешбинӣ мекунанд. Сухан дар бораи он намеравад, ки ширкати муайян ин омилҳоро татбиқ карда метавонад. Вазифаи асосӣ аз муайян намудани омилҳое иборат аст, ки ба соҳаи номбурда муваффақиятро дар рақобат таъмин мекунанд. Ҷудо намудани ОҚМ барои соҳаи муайян қадами якум буда, баъди он бояд чорабиниҳои пайдарпай оид ба тасарруфи ОҚМ-и барои соҳа мансуббуда роҳандозӣ гарданд.

Расми 8.7. Алгоритми умумии таҳлили салоҳиятҳои асосии ширкат дар соҳа.

пешина
аз 469
навбатӣ