Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН
Расми 8.4. Пай дар пай гузаронидани таҳлили бартариҳои рақобатнок.
— ояндадор набудан — дар ҳолати мазкур қувваро нигоҳ дошта, дар ояндаи наздик дастраси омма мешаванд;
— устувор — барои ташаккули стратегияи ширкат асос шуда метавонанд.
Омилҳои қатъии муваффақият (ОҚМ) — ин «миқдори маҳдуди соҳаҳое, мебошанд, ки дар муборизаи рақобатнок ба даст овардани натиҷаҳои қаноатбахшро кафолат медиҳанд».
Зери мафҳуми омилҳои интиқодии муваффақият сарчашмаи шароитҳои дохилӣ ва берунаи татбиқи стратегияи ширкат (масалан, муносибати мусоиди истеъмолкунандагон, тавсифи амалҳои рақибон) ва ё қобилият ва захираҳое, ки (масалан, одамон, молия) онҳо бояд ташаккул диҳанд ва ё ба даст оранд, фаҳмида мешаванд.
Таҳлили ОҚМ дар асоси мулоҳизаи мантиқии: «Барои дар соҳа тараққӣ кардан ширкат бояд дар як вақт» амалҳои зеринро иҷро намояд:
• қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон;
• дар раванди муборизаи рақобатӣ зинда мондан.
Бинобар ин, барои рушди омилҳои ногувор гузаронидани таҳлили муайян дар самтҳои зерин пешниҳод карда мешавад.
Барои ҷавоб додан ба саволи якум, истеъмолкунандагони соҳавиро омӯхтан зарур буда, онҳоро натанҳо ҳамчун сарчашмаи қувва дар савдо, балки таҳдидкунандаи даромаднокӣ, инчунин бештар чун сабаби асосии мавҷудияти соҳа ва асосии манбаи даромад дидан лозим аст.
Бинобар ин, менеҷерон бояд донанд, ки бо чӣ гуна истеъмолкунанда сару кор доранд, эҳтиёҷоти истеъмолкунандаи мақсаднок дар чист ва истеъмолкунанда барои қонеъ намудани талаботи худ кадом усулҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё