Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бо мурури соҳиб шудан ба малака имконият ба салоҳият мубаддал мегардад, ба мисли маҷмӯи малака, дониш, навовариҳо, захираҳо ва технологияҳои самтҳои алоҳидаи функционалӣ; салоҳияти беҳамто барои бартарии рақобатнок асос аст, дар он вақте ки онро истеъмолкунандагон эҳсос намоянд.

Бартариҳои рақоботнок
Активҳои муҳими стратегӣ
Салоҳиятҳои асосӣ
Имкониятҳои рақобат
Захираҳои ширкат

Расми 8.3. Ташаккули бартарии рақоботноки ширкат.

Қисмҳои таркибҳои пирамидаро дида мебароем:

  1. Захираҳо бартарии рақоботнокро ташкил медиҳанд, агар:
  • душвористеҳсол;
  • имконияти истифодаи дарозмуддат;
  • соҳиби афзалият;
  • барои барқарор кардан устувор бошанд.
  1. Салоҳиятҳои асосӣ хусусиятҳои зерин доранд:
  • салоҳият аз технологияҳо ва тавсифи асосии таркибии он васеътар аст;
  • салоҳият ба малака ва фаъолияти як самт (аксаран чун натиҷаи синергизм пайдо мешавад) такя намекунад;
  • ташаккул ва такмилдиҳии салоҳият вазифаи роҳбарияти олист;
  • барои салоҳиятҳои асосиро ба бартариҳои асосӣ табдил додан назар ба рақибон бештар саҳмгузорӣ намудан лозим аст;
  • салоҳият бояд васеъ ва чандирӣ бошад;
  • салоҳиятҳои асосӣ бартарии рақобатиро танҳо дар он ҳолат таъмин мекунанд, ки назар ба салоҳиятҳои шабеҳи рақибон беназир бошанд.

Се навъи салоҳиятҳои асосӣ ҷудо карда мешаванд:

  • истифодашуда (отработавшие) – зери таваҷҷуҳи рақибони асосӣ буда, ба стандартҳои соҳавӣ мубаддал гаштаанд (шарти ҳатмӣ барои дар бозор амал кардан аст);
пешина
аз 469
навбатӣ