Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

васеъ намудани фаъонокии бозории ташкилот; истифодаи захираҳои молиявии хусусӣ на танҳо барои дастгирӣ ва рушди бизнеси асосӣ, балки барои азхудкунии шаклҳои нави фаъолият, ташкили истеҳсолоти нав.

Диверсификатсияи истеҳсолот барои табдил додани ширкат ба маҷмӯи мураккаби бисёрфункционалӣ мусоидат мекунад, ки дар натиҷа ташкилот ба ҷунбишҳои вазъи бозор устувор гашта, маҳсулоти худро бо дарназардошти тағйироти шароит ва талабот такмил ва мутобиқ гардонида, сатҳи зарурии маҳсулнокиро таъмин менамояд.

Стратегияи кашфкунанда. Моҳияти бартарии рақобати мазкур дар он аст, ки соҳибкори аниқ, истеҳсолкунанда ва ё таҳвилгари мол ва хизматрасониҳо дар бозор, минтақа ва ё соҳаи муайян аввалин ва ягона аст. Барои «кашфкунанда» шудан маҳсулоти навро «аз сифр» оғоз кардан зарурат надорад. Барои истеҳсоли маҳсулоти пешина комилан технологияҳои навро таҳия ва истифода намуда, василаҳои мавҷударо такмил додан лозим аст ё эҳтиёҷоти истеъмолкунандагонро зуд дарк карда, дар ҳамин замина фаъолиятро ба роҳ мондан лозим аст. Фаҳмиши завқи истеъмолкунандагон ва зуд эҳсос намудани онҳо имконият медиҳад, ки технологияҳои мавҷуда боз ҳам такмил дода шавад ва барои истеҳсоли мол ва маҳсулоти нави рақобатпазир шароит муҳайё карда шавад.

Мавқеи «дар мобайни дармонда». Ширкат метавонад стратегияи дилхоҳро интихоб намояд. Портер чунин мешуморад, ки ҳар як стратегия усули самараноки ба рақиб таъсиркунанда буда, маслиҳат медиҳад, яке аз онҳо бояд интихоб карда шавад. Бар хилофи ин, ширкат мавқеи «дар мобайни дармонда»-ро ишғол намуда, ҳиссаи бозориро гум мекунад, даромаднокӣ паст шуда, сохтори ташкилӣ мухолиф ва ҳавасмандӣ суст мегардад.

8.3. ТАҲЛИЛИ РАҚОБАТНОК

Таҳлили салоҳиятҳои асосӣ ва бартариҳои рақобатноки ширкат

Салоҳиятҳои асосӣ мавқеи устувори рақобатноки ширкат ва сатҳи даромаднокии аз миёна зиёдтари тамоми соҳаро таъмин мекунад. Салоҳиятҳои асосӣ бо дарназардошти имконият ва захираҳои рақобатии ширкат муайян гардида, барои ташаккули бартариҳои рақобатнок имконият медиҳанд.

Пирамидаи ташаккули бартариҳои рақобатнок дар расми 8.3 нишон дода шудааст.

Мантиқан ин раванд давраҳои зеринро дар бар мегирад:
ташкилоти дорандаи сатҳи муайяни захираҳо қобилияти фаъолияткуниро рушд дода, ин имкониятҳоро ташкил медиҳад;

пешина
аз 469
навбатӣ