Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҳолат истеъмолкунанда нисбати тамғаи фурӯш ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат боварӣ ҳосил мекунад ва стратегияи тафриқавӣ дастгирӣ меёбад. Инчунин барои ҷустуҷӯи сарчашмаҳои алтернативии захираҳои воридкунанда манбаъҳои молиявӣ пайдо мешаванд.

Дар баробари бартариҳо, стратегияи мазкур як қатор норасоиҳо дорад. Тафриқа зиёдшавии хароҷоти муайянро талаб мекунад, ки бо сабабҳои зерин пайдо мешаванд:
• зиёдшавии маблағгузорӣ дар тадқиқот ва коркардҳо;
• зиёдшавии хароҷот барои ороиш ва сифати хизматрасонии муштариён;
• хариди ашёи хоми қимат;
• бо мурури замон завқ ва афзалиятҳои муштариён метавонанд тағйир ёбанд.

Бо вуҷуди ин, бояд донист, ки стратегияи пешсаф оид ба хароҷот ва стратегияи тафриқавӣ новобаста аз якдигар амалӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар як вақт ҳатмӣ нест. Аксаран ширкатҳо стратегияи тафриқавиро барои баланд бардоштани нархҳо истифода мекунанд, чунки тафриқа ба хароҷоти баланди истеҳсолӣ оварда мерасонад. Дар натиҷа, даромаднокӣ андаке зиёд мешавад, вале ин ҳатмӣ нест. Дар ин ҳолат тафриқа бо нигоҳ доштани нарх аз ҳисоби миқдори маҳсулоти фурӯхташуда ё аз ҳисоби устувории талаботи харидорӣ амалӣ мегардад.

Стратегияи фокускунонӣ (focus strategy) ба завқи истеъмолкунанда ҷалб намудани таваҷҷуҳро инъикос менамояд. Ин стратегияе мебошад, ки ташкилот мавқеи худро нисбати гурӯҳи истеъмолкунандагон ва ё қисми маҳдуди навъи маҳсулот ва ё бозори махсуси ҷуғрофӣ мақсаднок муайян мекунад.

Ин стратегия он вақт мақсаднок мегардад, ки агар ҳадаф қонеъ наму- дани ягон намуди талаботи ғайриодии гурӯҳи муайяни одамон аз ҳисоби коркард ва ҳаракати маҳсулоти махсусгардонидашуда дар бозор бошад. Инчунин низоми махсуси дастрасӣ ба маҳсулот, масалан низоми наво- варии фурӯш ва ё бурда расонидани маҳсулотро дар бар гирифта, бо ин бартарии рақобатнокро ташкил намудан мумкин аст. Ин стратегияро бо стратегияи нархгузорӣ ва стратегияи тафриқавӣ тақвият додан мумкин, вале онҳоро ба ҳам алоқаманд кардан лозим нест.

Диверсификатсияи истеҳсолот. Ин стратегия зимнан инҳоро дар на- зар дорад:
• дар як вақт тавсеаи намуди истеҳсолотеро, ки бо якдигар алоқаманд нестанд;
• васеъ намудани навъи маҳсулоти истеҳсолӣ дар як ташкилот;

пешина
аз 469
навбатӣ