Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

• ҳимоя аз харидорони маҳсулот (онҳо нархҳоро то сатҳи нархи рақибон паст карда метавонанд);
• монеа барои даромадан ба бозори рақибон;
• мавқеи муфид вобаста ба маҳсулот-ивазкунандаҳо.
Норасоиҳои стратегия инҳоянд:
• пайдоиши муаммоҳои ҷиддии баландшавии минбаъдаи нархҳо ҳан- гоми нигоҳдории андозаи бозор;
• мавҷудияти хатар, ки рақибон технологияҳо ва усулҳои идоракунии хароҷоти пешсафро истифода намуда, ғолиб мешаванд;
• кафолат надодан ба зарбаҳои имконпазир бо сабаби амалиёти рақибон.

Стратегияи тафриқавӣ (differentiation strategy). Ҳангоме ки ба маҳ- сулот хусусиятҳои махсуси фарқкунанда, хусусиятҳои ғайриодии функ- сионалӣ, тавсифи беҳамторо нисбат медиҳанд ва ин ба харидор маъқул мегардад, он барои истеъмолкунанда ва талабот арзиш дорад ва истеъ- молкунанда омода аст, ки новобаста аз нархҳои баланди маҳсулоти ба ин монанди рақибон онро харидорӣ кунад.

Ин стратегия аз бартариҳои рақобатноки беруна бармеояд, афзалияти он дар муайян намудан ва қонеъ кардани талаботи харидорон, норозигии онҳо аз молҳои мавҷуда мебошад.

Танҳо аз ҳисоби стратегияи нарх бартариҳои рақобатнокро таш- кил кардан ғайриимкон аст. Бояд меъёри муайяни муқаррар намудани нарх вуҷуд дошта бошад, ки барои зарари молиявӣ нарасонидан ва нигаҳдории маҳсулнокии онҳоро аз ҳадди муқарраргардида паст кардан мумкин нест. Дар ин ҳолат то ҳадди фарқкунанда аз маҳсулоти монанд, сифати маҳсулотро такмил додан мумкин аст, яъне барои ба даст оварда- ни самтҳои афзалиятноки рақобат бояд мол ва маҳсулоте истеҳсол карда шавад, ки сифати хуб ва ба талаботи истеъмолкунандагон ҷавобгӯ бошад.

Стратегияи тафриқавӣ: бартарӣ ва норасоиҳо

Тафриқа дар шаклҳои гуногун ва ҳамбастагии якдигар вуҷуд дошта метавонад:
• эътибори ороишӣ ва ё бренд;
• технологияҳои махсус;
• имкониятҳои функционалӣ;
• шароити хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон;
• шабакаи дилерӣ;
• нишондиҳандаҳои дигар.

пешина
аз 469
навбатӣ