Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Барои доимо муҳим мондан, ташаккули салоҳият бояд дақиқ, вале паҳнгардида бошад.
Муносибатҳо ба баробаркунии сарчашмаҳои салоҳият барои пешрафт дар соҳа ба таҳлили омилҳои қатъии муваффақият асос ёфта (Critical Success Factors (CSF)), худро хуб нишон додаанд. Дар ҳолате, ки барои муайян намудани талаботи идоракунии маълумот ба роҳбарияти ширкат кӯмак лозим шавад, чунин муносибатҳо хеле манфиатнок мебошанд.
Стратегияи ташкили бартариҳои рақобатнок
Стратегияи рақобатнок кафолати муваффақияти бозор мебошад. Бинобар ин, барои ба даст овардани мавқеи беҳтар дар бозор, ташаккули бренд ва ноил шудан ба бартариҳо вобаста ба муносибат бо ҳарифон дар бозор бояд стратегияро ҳамчун асос барои гирифтани фоида аз бартарии рақобатнок истифода намуд. Барои ташкили бартариҳои рақобатнок стратегияҳои зерин вуҷуд доранд.
Стратегияи пешсафӣ нисбат ба хароҷот (cost leadership strategy). Дар ин ҳолат, ҳангоми коркард ва истеҳсоли маҳсулот хароҷот дар маркази диққат меистанд. Бинобар ин стратегия, ҳамчун пешсафӣ дар нарх маълум аст.
Стратегияи пешсафӣ нисбати хароҷот ба бартариҳои рақобатноки дохилӣ асос ёфта, аз навовариҳои ташкилӣ ва истеҳсолии ширкат сарчашма мегирад. Ин стратегия аз ҷониби ширкатҳои бузург истифода шуда, дар бозор ҳиссаи калонро дорост. Барои ташкили бартариҳои нарх чунин амалиёт иҷро карда мешаванд:
• Паст намудани хароҷот ба воҳиди маҳсулот аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот. Ҳамин тавр, сарфакории муқоисавӣ ба даст меояд.
• Ҷараёни оқилонаи корҳо, муносибкунонии алоқаҳои дохилии ширкат.
• Сарфакорӣ дар гуногунии истеҳсоли маҳсулоти ҳархела.
• Ба даст овардани ҳуқуқҳои махсус ба сарчашмаҳои ашёи хом ва паст намудани хароҷот дар асоси таҷрибаҳо;
• Якҷоякунии шабакаҳои тақсимотӣ ва муносибкунонии низоми таҳвил;
• Ташкили шабакаи филиалҳо, ки бо дарназардошти ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофии ширкат имконияти пасткунии арзиши маҳсулотро аз ҳисоби истифодаи хусусиятҳои маҳаллӣ дорад.
Стратегияи пешсафӣ оид ба хароҷот: бартарӣ ва норасоиҳо Истифода аз ин стратегияҳо ба ширкат бартариҳои зеринро медиҳад:
• ҳимоя аз таҳвилгарон;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё