Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

БАРТАРИҲОИ РАҚОБАТ

Расми 8.2. Бартариҳои рақобатнок дар секунҷаи стратегияи корпоративӣ.

Мавҷудияти якто, ҳатто муҳимтарин захираҳо кафолати ба даст овар-дани бартарии рақобатиро намедиҳад, хусусан агар ширкат аз ҷиҳати дигар захираҳо коҳиш дошта бошад. Умуман, ширкат бояд пурра боварӣ дошта бошад, ки захираҳои ӯ дар шароити татбиқи стратегияҳои гуногун нисбат ба рақибон бартарӣ доранд.

Дар рафти рақобат маҷмӯи тиҷорате, ки дар сандуқи корпоративии захираҳои ширкат мавҷуданд, бояд тақвият ёбанд ва такмил дода ша-ванд. Ширкатҳо манбаи захиравии худро беҳтар намуда, пайдарпайии қадамҳои бозории банакшагирифташударо тақвият медиҳанд; амалисозии маҳорати ба даст овардаро барои ворид шудан ба бозори нав, барои рақобат пешниҳод менамояд.

Яке аз усулҳои муайян намудани сарчашмаи салоҳияти ширкат – ни-шон додани муштариҳои асосӣ, тавсифи талаботи онҳо ва мавқеи шир-кат дар қонеъгардонии талаботи онҳо мебошад. Ин усул ба муштарии ширкати нишондодашуда имконият медиҳад, ки ба саволи зерин ҷавоб ёбад: «Имрӯз ва фардо барои қонеъ намудани талаботи муштарӣ мо бо кадом кор машғул шуда метавонем?». Бо вуҷуди ин, аксаран чунин муно-сибат муайян намудани салоҳияти фарқкунандаи ширкатро ғайриимкон мегардонад (масалан, - маҳсулоти ширкати «Sony» аз талабҳои бозор хеле пешдастӣ кардаанд).

Муайян намудани салоҳияти фарқкунанда танҳо таҳлили тарафҳои пурқувват набуда, он эҳсоси идоракунии соҳиби бизнесро талаб мекунад.

пешина
аз 469
навбатӣ