Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
бошад, ин стратегия гузариши пайравро ба дараҷаи Челленчерҳо таъмин мекунад.
8.2. БАРТАРИҲОИ РАҚОБАТНОК
Омилҳои бартарӣ ва салоҳиятҳои асосӣ
Бартарии рақобатнок (БР) - бузургии якҷоя бо қобилият ва иқтидори рақобатнокӣ мутаносиб буда, дар вазъи содатарини функцияи мутобиқшавӣ бо коэффициентӣ баробар чунин мебошад:
БАРТАРИИ РАҚОБАТНОК = АҚРБ + ВБР
Аз мафҳуми бартарии рақобатнок бармеояд, ки СМ ба омӯзиши он машғул буда, корхона дар шароити ноустувории омилҳои муҳити беруна ва номуайянии онҳо ташкилу рушди онро ба роҳ монда метавонад.
Бартариҳои рақобатии ширкатро ба ду навъ ҷудо кардан мумкин аст: «афзалият дар маҳорат» ва «афзалият дар захираҳо», яъне бартарии рақобатнок дар мувофиқат бо сарчашмаи омилҳои малака дар соҳа ва маҷмӯи қобилияту захираҳои назарраси ширкат ба амал меоянд.
Категорияи якум ба самаранокии кори маркетологҳо ва фурӯшандагон равона шуда, гузаронидани тадқиқот ва лоиҳакашӣ, истифодаи моҳиронаи имкониятҳои маркетингӣ, маҳорати ташкили ҳавасмандкунии фурӯш, ташаббускории ҳамаи зинаҳои фаъолияти истеҳсолию фурӯшро дар бар мегирад.
Барои пайдоиши бартариҳо дар рақобат захираҳои гуногун мусоидат карда метавонанд: дастрасӣ ба ашёи хом, қувваи барқ, молия; мутахассисон ва дараҷаи тахассус; имкониятҳои истеҳсолии камхароҷот; мавҷудияти низоми тараққикардаи ҳамкориҳои илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ.
Афзалияти нисбии рақиб ба омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Умуман, ҳамаи ин омилҳо ба ду дараҷаи васеъ гурӯҳбандӣ карда мешаванд, ки ба бартариҳои дохилӣ ва беруна мансубанд.
Бартариҳои рақобатнок дар он сурат «беруна» номида мешаванд, ки агар онҳо ба хусусиятҳои фарқкунандаи мол асос ёфта, барои харидор арзиш дошта бошанд. Бартариҳои рақобатии беруна «қувваи бозорӣ»-и ширкатро зиёд намуда, бозорро маҷбур месозанд, ки нархи фурӯшро баландтар нисбат ба рақиби аввалин бе таъмини сифати фарқкунандаи муносиб қабул намоянд.
Бартариҳои рақобаноки дохилӣ мутаносибан қувваи бозории ширкатро зиёд менамоянд.
Менеҷерон бояд доимо донанд, ки новобаста аз бартариҳои мавҷудаи захираҳои корпоративӣ махсус пешниҳодшуда, ширкат бояд бо дигар захираҳои маҳсулот истеҳсолкунанда ва ё хизматрасониҳо дар рақобат бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё