Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

кӯшиши ҳамладошта пайравӣ кардан ва ё наҷот ёфтанро доранд, муқоиса карда шавад. Ба дараҷаи пешсафи ширкатҳо ва ё тамғаҳои маъмули зерин мансубанд: Procter&Gamble, «IBM», «Кодак», «Ренко Ксерокс» ва ғайра.

Ташкилоти пешсаф метавонад якчанд стратегияро истифода намояд:
• Стратегияи тавсеаи талаботи аввалиндараҷаро аксаран ташкилоти пешсаф интихоб менамояд, ки бештар ба рушди бозор бо роҳҳои муайян намудани талаботи нави мол, тарғиботи имкониятҳои нави истифодаи моли мавҷуда мусоидат мекунад.

Аксаран ин стратегия дар давраҳои ибтидоии ДҲМ, ки талаботи якумдараҷа ба воя мерасаду фишори тарафайни рақибон на он қадар зиёд аст, интихоб мегардад.

• Стратегияи ҳимоякунанда ҳимояи ҳиссаи бозории худро бо мухолифат аз рақибони хавфнок пешбинӣ мекунад ва аксаран ташкилоти навоварикунанда, ки рақибон-тақлидгарон ба он ҳамла мекунанд, ин шакли стратегияро истифода менамояд.

Стратегияҳои ҳимоякунандаи зерин имконпазиранд: татбиқи навовариҳо ва мукаммалгардонии технологияҳо бо мақсади ташкил намудани монеаҳо барои рақибон бо роҳи фурӯши суръатнок ва васеъ намудани ҳаҷми мол ва ҳимоя намудани бозор. Намунаи ин муносибатҳо байни ширкатҳои «Кока-Кола», «Пепси-Кола», «Кодак» ва «Полароид» аст.
Стратегияи ҳамлакунӣ ба тавсеаи ҳиссаи бозори ташкилоти пешсаф бо роҳи баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар заминаи истифодаи «маҳорати самараноқ» асоснок мегардад.

Стратегияи пайравро ташкилот дар ҳолате интихоб мекунад, ки ҳиссаи на он қадар калони бозорро нигоҳ медорад ва аз ин лиҳоз, ба рақибони асосӣ мутобиқ мегардад.

Стратегияи ташкилот, ки ҳиссаи хурди бозорро ишғол мекунад, як қатор хусусиятҳо дорад: он ба сегменти муайяни бозор барои татбиқи пурраи ягонагии худ нигаронида мешавад; татбиқи технологияҳои пешқадам бо мақсади паст намудани хароҷот; нигоҳдории махсусгардонӣ ва ғайритафриқавӣ; ҷалби роҳбари обрӯманди қобилияти ташкилотчигӣ ва татбиқи стратегиядошта.

• Талфиф тақлиди «қадам ба қадам»-и стратегияи пешсафро бо тамоми ҷузъҳои стратегияи маркетинг, ҳатто бо истифода аз тамғаи тиҷоратӣ мефаҳмонад, ки ин барои нигоҳдории имиҷи рақибон хатар меорад.

Тақлид дар нусхабардории чорабиниҳои алоҳидаи маркетингии рақибон, вале бо воридкунии гуногуниҳои махсус дар борҷома, сиёсати молӣ ва реклама инъикос мегардад.

• Мутобиқшавӣ такмилдиҳии ҷузъҳои махсуси моли пешсафи бозор ва ё
мутобиқ намудани онро ба бозори муайян мефаҳмонад. Агар такмилдиҳии
мол қатъӣ ва барои баланд бардоштани қобилияти рақобатии он имконпазир

пешина
аз 469
навбатӣ