Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ғайрисамаранок) ба фишороварии муҳит аксаран ҳамчун тағйироти стратегии алоҳида зоҳир мегарданд. Ҳангоми ба Target имконияти ишғоли қисмати болоии бозори дисконтӣ ва ба Wal-Mart - поёнӣ дода шавад, Kmart фардияти худро аз даст дода, бозори худро низ гум мекунад.

Тақсимоти рақибон ба чор меъёр ба менеҷер оид ба стратегия имконияти мушоҳидаи самаранокии ҳар як стратегияи алтернативӣ ва коркарди барномаи ояндаи рушди соҳаро медиҳад.

Се сарҳади рақобати ҷопонӣ

Акио Морита (топ-менеҷери ширкати «Sony») се сарҳади намунавии «рақобати ҷопонӣ»-ро ҷудо намудааст: «шуҳрат», «шамшери ҷазодиҳанда» ва «сӯзишворӣ».

«Шуҳрат». Ҳар сол якчанд ҳазор ширкатҳои ҷопонӣ шикаст мехӯранд. Сабаби асосӣ нодуруст қабул намудани қарор аз ҷониби менеҷерон аст. Ба туфайли доимо «берун кардани менеҷерони корношоям» саноати Ҷопон ба муваффақиятҳои таъсирбахш ноил гашт. Рақобат дар Ҷопон аз ҳама ҷиддитарин ва бераҳмтарин дар ҷаҳон буда, ба ин нигоҳ накарда, он меъёри бизнес ба ҳисоб меравад. Формулаи маъмули «қобилияти рақобати минбаъда» ин аст: агар ширкат дар бозори ҷопонӣ қобилияти рақобатӣ дошта бошад, пас он дар бозорҳои хориҷ зинда мемонад ва афзоиш меёбад. Бинобар ин, ширкатҳое, ки дар чунин шароитҳои қатъӣ афзоиш меёбанд, сазовори эътироф ва шуҳрати маҳорати идоракунӣ ва кордонӣ мебошанд.

«Шамшери ҷазодиҳанда». Чӣ хеле ки маълум аст, маҳсули меҳнати менеҷер қарор оид ба идоракунӣ аст. Дар менеҷмент қонуни «қувваи номаълуми қарорқабулкунанда» вуҷуд дорад: як қарор таъминкунандаи натиҷаҳои номатлуб буда ва баръакс, қарори дигар, аз дараҷаи «дуруст» натиҷаи харобиоварро меорад.

«Сӯзишворӣ». Рақобат, инчунин, хусусияти сӯзишвориро дорад, ки барои гирифтани маълумоти зарурӣ, гузаронидани тадқиқот ва коркардҳои илмӣ, азхудкунии технологияҳои навин, истеҳсоли молҳои нав, истифодаи шакл ва усулҳои нисбатан сабуки маркетинг нигаронида мешавад. Бе чунин сӯзишворӣ бизнес хомӯш мешавад ва аз байн меравад.

Таснифи стратегияҳои рақобат аз рӯи ақидаи Ф. Котлер бо дарк намудани мавқеъ ва ҷои муассисаи муайяни рақибони вай асоснок карда мешавад. Аз ҳиссаи бозорини нигоҳдорандаи ташкилот бармеояд, ки чор навъи стратегияи рақобати: сарвар, челленчер, пайрав ва мутахассис вуҷуд дорад.

Стратегияи пешсаф дар он ҳолат татбиқ мегардад, ки муассиса дар бозор мавқеи бартарӣ дошта бошад ва онро рақибон эътироф намоянд. Ин ташкилот «намуна» аст, ки бо имкониятҳои рақибони боқимондаи

пешина
аз 469
навбатӣ