Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН
Мафҳуми муҳимтарини «иқтидори рақобатӣ» (ИР)-и муассиса буда, имконияти иқтидори (афзалияти ҷорӣ) нигоҳдорӣ ва ё зиёдшавии қобилияти рақобатнокӣ дар марҳилаи дарозмуддат мебошад. Дигар хел карда гӯем, ИР корхона бо маҷмӯи мушаххасот, ки имконият (иқтидор) ва қобилияти ташкилотро дар оянда барои дар бозор (нигоҳдорӣ ва ё зиёд кардани ҳиссаи худ дар бозор, доштани сатҳи нисбатан баланди маҳсулноки) самаранок амал намудан муайян мекунад.
Навъҳои стратегии рақобат
Ҳангоми таҳлили рақобати шиддатнок дар соҳаи аниқ ва ё гурӯҳи стратегӣ тавсифи рақибони гуногунро гирифтан фоидаовар аст, зеро дар пешгӯикунии мақсадҳо истифода кардан имконпазир мегардад. Зери мафҳуми навъи стратегӣ дар асоси аломати стратегии умумӣ ва мувофиқати сохтор дараҷаи ширкат, маданият ва равандҳо вобаста ба ин стратегия фаҳмида мешавад. Ширкатҳои дар як соҳа рақобаткунанда дар асоси аломатҳои умумии стратегӣ тасниф намуда, ба яке аз чор навъи базавӣ дохил кардан мумкин аст: ҳимоятгарон, разведкачиҳо, таҳлилгарон ва мутаассирон.
Чунин тақсимот ширкатро водор месозад, ки дар ҳолатҳои монанд амалиёти гуногунро дар давраи дуру дарози вақт иҷро намоянд. Ин навъҳо тавсифҳои ба худ хос доранд.
Ҳимоякунандагон — ин ширкатҳоеанд, ки бо гардиши молии маҳдудбуда барои баланд бардоштани самаранокии амалиёти худ мекушанд. Чунин тамоюлҳо нисбати хароҷот ба он оварда мерасонад, ки ба навовариҳо машғул гардидани он дар гумон мегардад.
Ширкати Dean Foods-ро ба ҳайси чунин ширкат шуморидан мумкин аст, ки он барои тайёр намудани намунаи қалбакии маҳсулоти асосие, ки дар супермаркет ва мағоза-дорухонаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд, махсусгардонида шудааст.
Таҳлилгарон — ин ширкатҳоеанд, ки гардиши молии нисбатан васеъ дошта, ба навобарии маҳсулот ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар бозор равона шудаанд. Нишондиҳандаи фурӯш дараҷаи ғайрисамаранок дорад. Чун қоида, нисбат ба самаранокӣ дар онҳо нишондиҳандаи афзалият бештар аст.
Разведкачиён — ин ширкатҳои бо қадри имкон дар ду нуқтаи гуногуни молию бозорӣ: устувор ва серҳаракат амалкунанда мебошанд. Дар нуқтаҳои устувор аввал самаранокӣ меистад, дар нуқтаи серҳаракат бошад, навоварӣ меистад. Ба гурӯҳи ширкатҳои таҳлилкунанда ширкати Procter &Gamble дохил мешавад, ки пешниҳодкунандаи молҳои зиёди истеъмолӣ барои бозорҳои гуногун мебошад.
Мутаассирон — ин ширкатҳое мебошанд, ки вобастагии доимӣ байни стратегия, сохтор ва маданиятро надоранд. Амалҳои ҷавобии онҳо (аксаран

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё