Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

асосан - ҳисоби максималии талаботи бозор, гурӯҳи аниқи харидорон ба шумор меравад. На танҳо истеҳсоли моли талаботи арзишии истеъмолӣ ба миқдори зарурӣ ва сари вақт расонидани он ба истеъмолкунанда зарур аст, балки таъмини хизматрасонии он дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба инобат гирифта мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки ба алоқаи наздики мафҳумҳои «қобилияти рақобат» ва «сифат», «қобилияти рақобат» ва «сатҳи техникӣ» нигоҳ накарда, онҳо гуногунмаъноянд. Мафҳуми «қобилияти рақобат» асосан васеъ буда, мафҳумҳои «сифат» ва «сатҳи техникӣ»-и мол қисмати муҳими таркибии ҚРБ-и мол аст. Ба ғайр аз ин, агар маҳсулот дар ҳар ҳиссаи кӯтоҳи вақт маҷмӯи муайяни тағирнопазири хусусиятҳоро пешниҳод намояд, пас ҚРБ-и мол ҳангоми тавсифи тағирнопазир вобаста аз тағирёбии омилҳои муҳимтарин, ба монанди шароити фурӯш, талабот ва пешниҳод, рафтори рақибон иваз мешавад.

Модели бисёр хуб ва маъмули қувваҳои ҳаракаткунандаи рақобат дар сатҳи соҳа (ҷадвали 8.2) дар қисми таркибии механизми рақобати умумӣ дида мешавад, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ дар ҳама сатҳҳои он

  • маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҷаҳонӣ инъикос мегардад.

Ҷадвали 8.2. Шакли бозорҳо вобаста аз тавсифи рақобат ба онҳо.

Мушаххасот
Рақобати
мукаммал
Рақобати
монополистӣ
Олигополия
Монополия

Миқдори
ширкатҳои
истеҳсолкунандаи
маҳсулот
Ширкатҳои
мустақили
зиёд; набудани назорати
бозор
Ширкатҳои
зиёди мол ва
хизматрасониҳои шабеҳи
истеҳсолкунанда
Якчанд
ширкатҳои
бузурги
молистеҳсолкунанда ва
хизматрасонӣ
Як
маҳсулот
ва як ширкат

Назорати
нархҳо
Нест.
Нархҳоро
бозор муайян мекунад
Маҳдудкунии
таъсир бо
имконияти
ивазкунӣ
Мавҷудияти
таъсироти «сарварии нарх»
Амалан
назорати
пурра

Тафриқаи
мол
Нест.
Маҳсулот бо
хусусият ва
сифат фарқ
намекунад
Мол ва хиз-,
матрасонии
тафриқавӣ
барои сегментҳои бозор
Мутобиқ барои маҳсулоти
(автомобилҳо). Барои
стандарткунонии хурд
Нест

Сабукии
воридшавӣ
Воридшавӣ
ва баромади
нисбатан
сабук
Воридшавӣ ва
баромади нисбатан сабук
Душвор. Аксаран маблағгузории зиёдро
талаб менамояд
Бисёр душвор

пешина
аз 469
навбатӣ