Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 8. СТРАТЕГИЯИ ТАҲЛИЛИ РАҚИБОН

Ҳангоми коркарди стратегияи рақобатнокӣ муқаррар намудани алоқаи ширкат бо муҳити беруна асосӣ буда, дар ҷамъбасти ниҳоии стратегияи беҳтарин барои ширкати аниқ стратегияи ҳолати инъикосуфта муқаррар карда мешавад.
Майкл Портер

Мо намехоҳем аз ғояҳо оғоз намуда, пас аз он ба тарафи мизоҷ ҳаракат кунем. Мо мехоҳем аз проблемаи мизоҷ оғоз намуда, сипас ҳалли онро ихтиро кунем.
Агар шумо таҷрибаи беҳтарини харидро таҳия намоед, мизоҷон онро ба якдигар мерасонанд. Овоза қудрати бузург дорад.
Паҳнкунии овозаи марказонидашуда дар натиҷа ба бозгашти секаратаи маблағгузории сармоя оварда мерасонад.
Ҷеф Безос

Таҳвили маҳсулот, хизматрасонӣ ва салоҳият мультиинститутсионалӣ мегардад. Ҳангоми муқаррар намудани арзиш аз таҷрибаи беҳамтои истеъмолкунандагон истифода карда, ширкат бояд имкониятҳоеро ба вуҷуд орад, ки барои дастрасӣ ба шабакаи ҳаматарафаи захираҳо лозиманд.
Коимбатур Прахалад

Коимбатур Прахалад — иқтисодчии Ҳиндустон, профессори стратегияи корпоративӣ ва бизнеси байналмилалӣ дар донишгоҳи Мичиган аст. Дар соли 2009 маҷаллаи Forbes ӯро инсони бонуфуз дар ҷаҳони бизнес номидааст.

пешина
аз 469
навбатӣ