Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

8.1. РАҚОБАТ ВА РАҚОБАТПАЗИРӢ

Моҳияти рақобат ва қобилияти рақобатпазирӣ

Паст кардани мавқеъ ва аҳамияти рақобат ҳамчун омили муайянкунандаи тавсифи стратегияи ширкат душвор аст. Мафҳуми рақобат пурмазмун буда, муайянкунии маҷмӯии он то ҳол вуҷуд надорад. Рақобат ин мубориза, мусобиқа байни молистеҳсолкунандагон дар бозор барои шароитҳои нисбатан муфиди истеҳсол ва фурӯши молҳо дар асоси гирифтани даромади имконпазир мебошад. Ҳамзамон рақобат ин механизми танзими бевоситаи таносубҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ аст.

Рақобат ин усули самаранок ва арзони назорати иқтисодӣ мебошад. Чунин намуди назорат, чӣ хеле ки қайд карда шуд, доимо барои ихтисор намудани хароҷоти истеҳсолӣ ва нарх, баландбардории ҳаҷми фурӯш, мубориза барои фармоишҳо ва истеъмолот, беҳтаркунии сифати маҳсулот водор месозад.

Бо вуҷуди ин, на ҳама рақобат ба самаранокии амалиёти бозор ва иқтисодиёт таъсир мерасонад. Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудияти фаъолияти монополиягӣ дар бозорҳои молӣ» рақобати беинсофонаеро, ки маълумоти қалбакӣ, номуайян ва ҳатто ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зараррасон; истифодаи худсаронаи аломатҳои молии номгӯи ширкат, тамғагузорӣ ва ороишҳои берунаи молҳои ширкатҳои дигар; дастрасӣ, истифода, паҳн намудани ахбороти илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратиро бе ризояти соҳиби он манъ мекунад.

Ба рақобат қобилияти рақобатии (ҚРБ) мол, ширкатҳо-истеҳсолкунандаи соҳа, иқтисодиёти миллӣ алоқамандии зич дорад. Одатан зери мафҳуми ҚРБ қобилияти иқтисодии давлат, соҳа, воҳиди хоҷагидорӣ фаҳмида мешавад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои иқтисодии гузошташуда нисбати ҳариф пешдастӣ дорад. Нишондиҳандаҳои муҳимитарини ҚРБ объекти иқтисодии сатҳҳои дилхоҳ аз мавҷудияти бартариҳои рақобат дар онҳо, яъне сифате, ки дар ҳарифон мавҷуд нест ва ё зоҳир намегарданд, иборат аст.

Зери мафҳуми «қобилияти рақобат» (ҚРБ)-и қобилияти ташкилот, даромаднокии он дар марҳилаи сармоягузории кӯтоҳ на пасттар аз сармоягузориҳои таъйингардида ва ё баландшавии даромаднокии давраи кӯтоҳ нисбат ба даромаднокии миёнаи оморӣ дар мутаносибии соҳаи бизнес ва дар шакли умумӣ ҳамчун амалиёти самараноки ташкилот дар давраи кӯтоҳ фаҳмида мешавад.

ҚРБ-и ширкат ин имконияти самараноки фаъолияти хоҷагидорӣ ва татбиқи амалии даромадноки он дар шароити бозори рақобатнок аст. Татбиқ тамоми маҷмӯи воситаҳои дар ширкатбуда, аз он ҷумла марке-

пешина
аз 469
навбатӣ