Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин маданияти рафтор бо нақшаи тақсимоти даромад ва нақшаи шахсии кормандон дастгирӣ мешавад. Ҳамин тариқ, «Wal-Mart» маданияти муносибат ва системаи назоратро ба роҳ монд, ки тавассути он менечерҳо ва кормандон барои рушди ширкат тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Новобаста ба рушди босубот, ширкат дар соли 1991 ба мушкилиҳои ҷиддӣ дучор омад. Бо 1568 мағозаи доштаи ширкат дурнамои рушди он дар ИМА маҳдуд гардид. «Wal-Mart» ба хулосае омад, ки фаъолияти худро дар хориҷи Амрико васеъ намуда, «тамғаи фабрикаи байнамилалӣ»-ро ташкил намояд. Дар ширкат роҳҳои ғасбкунӣ, аз ҷумла дастрас намудани иҷозатнома барои тамғаи фабрикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аммо баъдтар қарор карданд, ки хубтар мешуд, агар бо ёрии ширкатҳои фаръӣ рушд ёбанд. Ширкат ба хулосае омад, ки бартариҳои рақобатноки он дар заминаи табодули фарҳанг ва системаи иттилоотӣ ва логистика асос ёфтааст.

Дар соли 1992 «Wal-Mart» ширкати худро васеъ намуда, дар Мексика 6 мағозаро ифтитоҳ намуд. То охири соли 1997 ширкат дар ин мамлакат 402 мағоза дошт, ба ғайр аз ин 144 мағозаро дар Канада, 9-то дар Аргентина, 8-то дар Бразилия, 3-то дар Чин ва 3-то дар Индонезия доро буд. Инчунин ширкат қарор қабул намуд, ки 21 супермаркети «Wertkauf»-ро дар Олмон, ки аввалин ташкилоти муштарак дар Аврупо ба шумор мерафт, харидорӣ намояд. Ба яке аз стратегияҳо такя намуда, баъди кушодани мағозаҳо як қатор кормандони амрикоиро ба муддати 2-3 сол ба он мамлакатҳо сафарбар намуд, ки системаи ширкатро ба роҳ монда, таҷрибаи бадастомадаро ба дигар кормандон омӯзонанд.

Стратегияи мазкур то ҳол фаъолият дорад, мағозаҳои байнамилалии ширкати «Wal-Mart» дар ҳаҷми зиёда аз 5 млрд. доллар фоида оварданд. Ба 120 млрд. доллари дар соли 1997 бадастовардаи фоидаи ширкат, имрӯз ҳам гирифтани фоида идома дорад.

САВОЛҲО:

  1. Асоснок намоед, ки аз ҷониби ширкат интихоби яке аз усулҳои рушд дар бозорҳои хориҷа ва даст кашидан аз усулҳои дигари имконпазир бо чӣ алоқаманд мебошад?

  2. Марҳилаҳои рушди «Wal-Mart»-ро дониста, алоқамандии фаъолияти онро дар бозорҳои беруна ва хориҷӣ асоснок намоед. Менеҷменти ширкат кадом нақширо иҷро мекунад?

  3. Барои воридшавӣ ба бозорҳои хориҷӣ стратегияи мавҷуда дар мамлакати макони асосидоштаи ширкат таъсир мерасонад?

пешина
аз 469
навбатӣ