Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА
- PEST-таҳлил чист ва он барои чӣ лозим аст?
- Кадом навъҳои муҳити берунаро медонед?
- Таҳлили соҳавӣ чӣ медиҳад ва сохтори он чӣ гуна аст?
- Кадом тамоилҳои рушди бозори маҳаллиро ҳамчун имкониятҳо ва кадоми онҳоро ҳамчун хатарҳо баррасӣ кардан мумкин аст? Имконият ва хатарҳоеро, ки барои ташкилотҳои соҳаи аграрӣ ва саноатӣ пеш меоянд, номбар кунед.
- ОКК дар саноати сабук ва хӯрокворӣ кадомҳоянд?
- Оқибатҳои гузаронидани таҳлили муҳити беруна кадомҳоянд?
- Дараҷаи номуайянии муҳити берунаи ташкилотро аз рӯи сатҳи содагӣ ва душвории ҳолат тавсиф намоед.
- Дараҷаи номуайянии муҳити берунаи ташкилотро аз рӯи сатҳи устуворӣ ва ноустувории ҳолатҳо тавсиф намоед.
7.5. КЕЙС-ВАЗЪИЯТ
ҒАСБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «WAL-MART»
Мағозае, ки аз ҷониби Сэм Волтон соли 60-ум таъсис дода шудааст, то ибтидои солҳои 90-ум ба нуқтаи фурӯши чакана бо гирифтани 32,6 млрд доллари ИМА дар як сол табдил ёфт. Чунин комёбӣ дар натиҷаи фаъолияти самараноки менеҷерони соҳибтаҷриба, ки як қатор навовариҳоро барои ба харидорон пешниҳод намудани моли хушсифату арзон роҳандозӣ намуданд, ба даст омад.
Ширкат яке аз аввалинҳо буд, ки ба системаи тақсимот машғул гардид. Дар ин робита анборҳои марказӣ мавқеи стратегиро ба даст гирифта, ба маҷмӯи мағозаҳо хизмат расониданд. Ин омил имконият дод, ки як қатор хароҷоти истеҳсолию моддӣ паст карда шаванд. Ширкат яке аз аввалинҳо шуда, системаи компютерии маълумотро истифода намуд. Маълумоти ба воситаи ин система паҳнгардида барои муайян намудани стратегияи нархҳо ва захираи мол дар анборҳо истифода мешуд.
Имрӯз «Wal-Mart» чун пешина дар системаи иттилоотонӣ пешсаф аст. Ҳамаи мағозаҳо, марказҳои тақсимотӣ ва системаҳои иттилоотонӣ бо ёрии системаи душвори маълумотдиҳӣ ва моҳворагӣ ба ҳам алоқаманданд. Ин имконият медиҳад, ки фармоишҳо, захираҳо ва нархҳо тасҳеҳ карда шаванд.
Маълум аст, ки «Wal-Mart» бо кормандон муносибати хуб дошта, ҳамзамон аз онҳо иҷрои вазифаҳо ва масъулияти баландро талаб менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё